ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, панҷшанбе, 197-умин рӯзи соли 2026 аст

Июль 16, 2026 08:00

16 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҷаласаи 15-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд суханронӣ намуданд.

***

16 сол қабл, 16 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд хоҷагии деҳқонии ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор дидан карда, бо иштироки роҳбарону фаъолон ва кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

16 июли соли 2016 варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия интихоб шуд. Ин тасмим дар ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки 16 июли соли 2016  дар шаҳри Душанбе, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон доир гардид, гирифта шуд. Номбурда аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати  Осиё оид ба ҷудо байни наврасон, ки 16 июл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек анҷом ёфт, як медали тилло, як нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

***

16 июли соли 2018 дар шаҳри Фарғона мулоқоти кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид.

***

6 сол қабл, 16 июли  соли 2020  бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин якумин нишасти вазирони қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои ин абзори нав дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, барқароркунии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардида, бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.

***

16 июли соли 2022 дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Илҳом Одинаев ташриф оварда, бо маданияти истифодаи замини наздиҳавлигӣ шинос шуданд. Оилаи Одинаевҳо дар ноҳияи Ховалинг намунавӣ буда, дар ин хонавода фарзандони меҳнатдӯсту худшинос ва худогоҳ ба воя расидаанд. Замини наздиҳавлигии шаҳрванд Илҳом Одинаев 8 садякро ташкил медиҳад. Дар 4 садяки замин зироати кишоварзӣ, асосан сабзавот ва картошка кишт карда шудааст. Ҳамчунин дар назди ҳавлӣ дарахтони мевадиҳандаи себ, олуча, зардолу, шафтолу, гелос, олу, чормағз, нок, хурмо ва ангур парвариш меëбанд.

***

Се сол пеш, 16  июли  соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф аз ҳисоби кормандони фаъоли соҳа, махсусан занон ва ҷавонони болаёқат ва таъмини ҳайати захираи кадрӣ дар самти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар заминаи «Мактаби маҳорати педагогӣ» даври омӯзишии «Менеҷменти роҳбарӣ» доир шуд.

16 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии мор.

***

Рӯзи хӯроки болаззат

***

Дар Уругвай – Рӯзи ғалаба дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол.

***

Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи металлург.

***

Дар Украина — Рӯзи муҳосибон.

РӮЙДОДҲО:

16 июли соли 1850 дар Фаронса озодии матбуот маҳдуд карда шуд.

***

16 июли соли 1918 дар Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба идора кардани воситаҳои телекомуникатсионӣ қарор қабул карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1999  арзиши саҳмияҳои ширкати «Майкрософт», ки Билл Гейтс муассиси он аст, ба 100 миллиард доллари амрикоӣ баробар гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1925 дар Бағдод аввалин маротиба интихоботи парлумонии Ироқ баргузор гардид.

 

Июль 16, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш