ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 июл, ҷумъа, 198-умин рӯзи соли 2026 аст
17 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба итмом расидани сафари расмӣ дар Миср барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим ба Федератсияи Русия сафар намуданд.
***
17 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Директори генералии вақти Шурои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Русия ва АвруОсиё Эллис Уэллс масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои амнияту мудофиаро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд.
***
17 июли соли 2014 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод қарор қабул намуд. Тибқи ин қарор, деҳоти Файзободи ноҳияи Файзобод номи Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиевро гирифт.
***
17 июли соли 2018 бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Экология, сайёҳӣ ва саломатӣ» бо иштироки намояндагони беш аз 6 мамлакати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил конференсияи VIII илмӣ-амалии Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид.
***
17 июли соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки дар Тошканд барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобили минтақавӣ. Чолишҳо ва имконият» қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.
***
17 июли соли 2023 дар деҳаи Рожи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон канали обёрикунӣ мавриди истифода қарор гирифт.
***
23 июли соли 2025 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
17 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии адолати судӣ-ҷиноятии байналмилалӣ.
***
Дар Русия – Рӯзи таъсиси қувваҳои баҳрӣ, флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.
***
Дар Кореяи Ҷанубӣ- Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Лесото – Рӯзи шоҳ.
РӮЙДОДҲО:
17 июли соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҷаласаи идораи татбиқи Барномаи «Рушди фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот» баргузор гардид.
***
17 июли соли 1841 аввалин шумораи рӯзномаи ҳаҷвии англисии «Панҷ» ба нашр расидааст.
***
17 июли соли 1976 дар Канада Бозиҳои XXI олимпии тобистона оғоз гардида, 1 август ба охир расиданд.
***
17 июли соли 1995 Иттиҳоди Аврупо бо Русия шартномаи тиҷоратӣ баст.
***
Дар ин рӯзи соли 1915 Олмон ва Австрия бо Булғористон оид ба ҳамкорӣ паймони пинҳонӣ бастанд.
***
17 июли соли 2013 дар Қазон маросими пӯшидашавии Мусобиқаи XXVII байналмилалии тобистона (Универсиада) доир гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1775 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон беморхонаи ҳарбӣ таъсис дода шуд.
***
Соли 1994 Бразилия маротибаи чорум чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Зариф Раҷабов-соли 1906 — таърихчӣ, академик, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, панҷшанбе, 197-умин рӯзи соли 2026 аст






