ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июл, якшанбе, 200-умин рӯзи соли 2026 аст
19 июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе Маркази технологияи иттилоотӣ ифтитоҳ ёфт.
***
19 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ-Раиси Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалларо ба ҳузур пазируфтанд.
***
10 сол қабл, 19 июли соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсев мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯз, 19 июли соли 2016 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нави Қазоқистон, Ҳиндустон, Ҷопон, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Полша, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Чили ва Австралия эътимоднома қабул намуданд.
***
19 июли соли 2019 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонун ба имзо расонида шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
***
19 июли соли 2021 дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ба Ҷопон сафар намуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозиҳои олимпии Токио- 2020 10 варзишгар иштирок намуд.
***
19 июли соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун: «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ», «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», ки ба густариши раванди таҳия, тасдиқ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, имзо гузоштанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар доираи нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд мулоқот намуданд. Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
19 ИЮЛ:
Рӯзи металлургҳо
***
Дар Русия -Рӯзи кормандони ҳуқуқи Вазорати корҳои дохилӣ.
***
Дар Ҷопон -Рӯзи вазирзанон.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1928 Ҷумҳурии Чин ҳама шартномаҳои «ноадолатона»-ро бо давлатҳои Аврупо бекор карда буд.
***
19 июли соли 1952 Пезиденти Финляндия Юхо Паасикавӣ ба Бозиҳои XV тобистонаи олимпӣ расман оғоз бахшид.
***
19 июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе Маркази технологияи иттилоотӣ ифтитоҳ ёфт.
***
19 июли соли 2010 дар шаҳри Монктони Канада Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук байни ҷавонон доир гардид, ки аз Тоҷикистон дар он Галина Митяева иштирок кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1919 дар Лондон паради ҳарбӣ 21 соат идома ёфт.
***
Соли 1924 аввалин шумораи рӯзномаи «Красный спорт» нашр гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 июл, шанбе, 199-умин рӯзи соли 2026 аст






