ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июл, панҷшанбе, 183-юмин рӯзи соли 2026 аст

Июль 2, 2026 08:00

2 июли соли 2009 барои саҳми барҷаста дар тарбияи насли солим ва рушди самбо дар минтақа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали тиллои Федератсияи байналмилалии самбо сарфароз гардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили вобаста ба вазъи вақти Қирғизистон ва омодагӣ ба ҳамоиши ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар шаҳри Ереван баррасӣ намуданд.

***

2 июли  соли 2015 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо қарори Шурои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS, ш.Брюссел), ки муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо мебошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Профессори фахрии ин марказ сарфароз гардонида шуданд.

***

2 июли соли 2020 дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи «Заркор»-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев шинос шуданд.

2 ИЮЛ:

 Рӯзи байналмилалии рӯзноманигорони соҳаи варзиш.

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони давлатии соҳаи андоз.

***

Дар Кюрасао  — Рӯзи Парчам.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони политсия.

 РӮЙДОДҲО: 

2 июли соли  2018  дар толори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии «Душанбе мол» ва толори Истгоҳи роҳи оҳани Тоҷикистон ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ маҳсули дасти худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

***

2 июли соли 2020 дар кӯчаи Шарқи  шаҳри Хуҷанд гузаргоҳи зеризаминии мавзеи бозори марказии «Панҷшанбе» мавриди истифода қарор дода шуд.

***

2 июли соли 2021 Муассисаи нашриявии «Адиб» дар майдони «70- солагии Водии Вахш»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон намоиш- фурӯши китоб доир намуд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ зиёда аз 5 ҳазор нусха китоб иборат аз 140 номгӯйи асарҳо аз адабиёти классику муосири тоҷик ва ҷаҳон, инчунин адабиёти бачагонаро  пешкаши алоқамандони мутолиа гардонида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 бо мақсади тавсеаи ҳамкории мутақобила ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

***

2 июли соли 2024 баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ… 

Соли 1791 Самуэл Бригс ва писараш барои сохтани дастгоҳи истеҳсоли мех патент ба даст оварданд.

***

Соли 1858 аввалин маротиба дар хиёбони Бостони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қуттии почта насб гардид.

***

Соли 1900 дар Париж бозиҳои II-и олимпӣ оғоз гардиданд.

***

Соли 1901 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ҳарорати баланди ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки он 43,3 дараҷаро ташкил дод.

***

Соли 1917 Юнон ҷанги Германия ва Австрияро эълон кард.

***

Соли 1924 Ассотсиатсияи байналмилалии рӯзноманигорони варзишӣ таъсис дода шуд.

***

2 июли соли 1990 Анҷумани XXVIII Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ баргузор гардид, ки  охирин анҷуман дар таърихи фаъолияти ин ҳизб мебошад.

***

Соли 1993 Гурҷистон рублро бекор карда, купони худро ба муомилот баровард. 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

 Хайрӣ Назарова («Ҷулеттаи тоҷик») — соли 1929 — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

 

Июль 2, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш