ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 июл, сешанбе, 202-юмин рӯзи соли 2026 аст
21 июли соли 2010 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 қонун, аз ҷумла, 5 қонуни мукаммал ва 25 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расиданд.
***
21 июли соли 2010 таҳти раёсати Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов доир ба татбиқ гардидани нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ машварат баргузор гардид.
***
21 июли соли 2011 Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки Маҷлиси намояндагон қабул карда буд, ҷонибдорӣ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммад масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон, пеш аз ҳама, дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.
***
21 июли соли 2017 намояндагони Тоҷикистон дар бизнес-форуми Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуданд.
***
21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд.
***
Соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар фазои самимӣ мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.
***
21 июли соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.
21 ИЮЛ:
Рӯзи ғизои носолим.
***
Дар Белгия- Рӯзи миллӣ.
***
Дар Гуам- Рӯзи озодӣ.
РӮЙДОДҲО:
21 июли соли 1822 аввалин империяи Мексика таъсис ёфтааст.
***
21 июли соли 1870 дар Лондон аввалин Агентии ақди никоҳ ба кор оғоз намуд.
***
21 июли соли 1983 дар истгоҳи «Восток»-и Антарктида ҳарорати пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки он -89,2 дараҷаро ташкил додааст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1959 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин киштии коммуналии атомии «Саванна» ба об сар дода шуд.
***
Соли 1969 аввалин маротиба одам ба сайёраи Моҳтоб баромад. Ӯ Нил Армстронг, командири киштии кайҳонии Амрико — «Аполлон-11» буд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Юсуф Исҳоқӣ — соли 1932 — пизишк, доктори илмҳои тиб, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии Русия, Арбоби хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 июл, душанбе, 201-умин рӯзи соли 2026 аст






