ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 июл, чоршанбе, 203-юмин рӯзи соли 2026 аст
22 июли соли 1989 Шурои Олии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи забон»- ро қабул намуда буд.
***
22 июли соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд.
***
22 июли соли 2008 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони маҷаллаи байналмилалии «VIP-Premier» суҳбат ороста буданд, ки дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили рушди имрӯзаю ояндаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ва дигар масъалаҳо зоҳир карда шуд.
***
22 июли соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба офатҳои табиӣ ва иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои онҳо дар баъзе шаҳру навоҳии мамлакат баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷалби сармоя, саноат, кишоварзӣ ва озуқаворӣ баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, таҳлилу баррасии ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва ошкор намудани якчанд камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилоят тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.
***
22 июли соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид, ки дар он самтҳои гуногуни ҳамкорӣ баррасӣ карда шуданд.
22 ИЮЛ:
Рӯзи ҷаҳонии мағзи сар.
***
Дар Озарбойҷон- Рӯзи матбуоти миллӣ.
***
Дар Свазиленд- Рӯзи ҷомеа.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1927 дар Италия клуби футболи «Рома» таъсис ёфтааст.
***
22 июли соли 1946 дар Британия додани нон ба таври реҷа ташкил гардид.
***
22 июли соли 1952 Ҷумҳурии Халқии Полша Конститутсияи худро қабул намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1894 аввалин маротиба дар шаҳри Париж – пойтахти Фаронса байни мошинҳо сабқат баргузор гардид.
***
Соли 1998 тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт: варзишгарони амрикоӣ масофаи 400 метрро давоми 2 дақиқаю 54,2 сония паси сар намуданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Фаттоҳ Одина – соли 1938- оҳангсози маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А. Александров ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 июл, сешанбе, 202-юмин рӯзи соли 2026 аст






