ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 июл, панҷшанбе, 204-умин рӯзи соли 2026 аст
23 июли соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи шашуми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
23 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи 20-уми Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати сеюм баргузор гардид.
***
Дар ин рӯз, 23 июли соли 2011 дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи миллии Сурия дар доираи даври дуюми бозиҳои махсуси Чемпионати ҷаҳон-2014 қувваозмоӣ намуд.
***
23 июли соли 2012 Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси навтаъйини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор ва ҳамтои собиқи ӯ Пийер Морелро ба ҳузур пазируфтанд.
***
23 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
23 июли соли 2021 Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Токиои Ҷопон оғоз шуданд.
***
23 июли соли 2022 сокини 10-миллионаи Тоҷикистон таваллуд шуд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакатро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик намуданд.
***
23 июли соли 2023 дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқаи футзал таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оғоз гардид, ки дар он дастаҳои шаш давлати минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза бурданд.
23 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии наҳанг.
***
Дар Ҷумҳурии Абхозистон — Рӯзи Парчами давлатӣ.
РӮЙДОДҲО:
23 июли соли 1881 дар шаҳри Лежаи Белгия Федератсияи байналмилалии гимнастика таъсис дода шуд.
***
23 июли соли 2009 дар Ҷумҳурии Қирғизистон интихоботи президентӣ баргузор гардид.
***
23 июли соли 1993 Кумитаи байналмилалии олимпӣ Сиднейро макони баргузории Олимпиадаи соли 2000 интихоб намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1880 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон неругоҳи барқи обии тиҷоратӣ таъсис дода шудааст.
***
Соли 2000 моҳвораи нави табиӣ — бузургтарин сайёраи системаи офтобии «Муштарӣ» («Юпитер») кашф гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 июл, чоршанбе, 203-юмин рӯзи соли 2026 аст






