ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 июл, ҷумъа, 205-умин рӯзи соли 2026 аст
24 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Авруосиё Созишнома дар бораи ҷудо намудани қарзи молиявӣ аз ҳисоби фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди Авруосиё бо маблағи 70 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.
***
24 июли соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар мавзуи «Об, беҳдошт ва тозагӣ» конфронс баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории иқтисодӣ ва рушди гардиши мол байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардиданд.
***
24 июли соли 2019 дар Москав ҷаласаи Комиссияи иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
24 июли соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
***
24 июли соли 2023 хонандагони тоҷик дар даври ниҳоии Олимпиадаи 3-юми байналмилалии STEM, ки аз 18 то 23 июл дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса доир шуд, 9 медали тилло, 8 нуқра ва 12 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
***
24 июли соли 2025 маросими бошукуҳи истиқболи Президенти Муғулистон доир шуд. Инчунин дар ин рӯз мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Муғулистон ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ доир гардид.
24 ИЮЛ:
Дар Вануата – Рӯзи кӯдакон.
***
Дар Русия- Рӯзи муҳандиси кадастрӣ.
РӮЙДОДҲО:
24 июли соли 1851 дар Британия ситонидани андоз аз тиреза манъ карда шуд.
***
24 июли соли 1908 дар Туркия Конститутсияи соли 1876 қабулшуда ба ҳукми амал даромада, дубора фаъол гардид.
***
24 июли соли 1956 шаҳри физикҳо — Дубна таъсис ёфт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1870 аввалин қатораи фароқоравӣ аз Сан-Франсиско ба Ню-Йорк ворид шуд.
***
Соли 1926 дар Англия нахустин майдон барои дави сагҳо кушода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҷамолиддин Каримзода – соли 1944, шоири тоҷик.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 июл, панҷшанбе, 204-умин рӯзи соли 2026 аст






