ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 июл, шанбе, 206-умин рӯзи соли 2026 аст
25 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро имзо намуданд.
***
25 июли соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии ин созмон ба Душанбе омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони ноҳияҳои Мастчоҳи Кӯҳӣ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт ҳисоботи телефонӣ доданд.
***
25 июли соли 2017 роҳҳои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва татбиқи нақшаҳои муштарак баррасӣ шуданд.
***
25 июли соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд.
25 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии занон ва духтарони африқоӣ.
***
Рӯзи байналмилалии некӯаҳволии судяҳо ва кормандони адлия.
***
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ.
***
Дар Тунис – Рӯзи ҷумҳурӣ.
***
Дар Пуэрто-Рико – Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Беларус – Рӯзи хадамоти оташнишонӣ.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1947 дар Прага аввалин Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 70 давлати дунё иштирок намуданд.
***
25 июли соли 1992 дар Барселона бозиҳои тобистонаи олимпии XXV оғоз гардида, 9 август ба охир расиданд.
***
25 июли соли 2009 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки намояндагони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷашнвораи фарҳангӣ-экологии «Боми ҷаҳон» баргузор гардид.
***
25 июли соли 2002 дар Чин жола борид, ки ҳаҷмаш ба тухми мурғ баробар буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1965 дар фестивали фолклории шаҳри Нюпорти Род-Айленд Боб Дилан аввалин маротиба дар саҳна бо гитари барқӣ ҳунарнамоӣ кард.
***
Соли 1984 дуюмин зани кайҳоннавард Светлана Савитская ба фазои кушоди кайҳон баромад.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 июл, ҷумъа, 205-умин рӯзи соли 2026 аст






