ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 июл, якшанбе, 207-умин рӯзи соли 2026 аст

Июль 26, 2026 08:00

26 июли соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани чанд иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафар намуданд.

***

26 июли соли 2013 Бунгоҳи интишороти «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бо теъдоди ҳазор нусха, бо хати форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба имзо расонида шуд.

***

 26 июли соли 2022 сокини 10-миллионаи Тоҷикистон ба хонае, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа намуданд, ворид шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе маросими озмоиши Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ баргузор карда шуд. Иброз гардид, ки ин низоми иттилоотӣ фарогири аксари расмиёти тиҷорати хориҷӣ буда, барои коркарди декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳкунандаи он, баҳисобгирӣ ва назорати расмиёти транзит, нигаҳдории муваққатии мол ва автоматикунонии дигар расмиёти гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.

26 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии забони ғайриодӣ – эсперанто.

***

Дар Мадагаскар — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Русия — Рӯзи парашютчиён.

РӮЙДОДҲО:

26 июли соли 1788 Ню-Йорк иёлати 11-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътироф гардид.

***

26 июли соли 1847  Ҷумҳурии Либерия истиқлолият ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1906 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Бюрои федералии тафтишотӣ таъсис дода шуд.

***

26 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории амниятию низомии ду давлати ҳамсоя — Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1993 манати озарбойҷонӣ дар ин давлат ҳамчун пули миллӣ қабул гардид.

Июль 26, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш