ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 июл, душанбе, 208-умин рӯзи соли 2026 аст
27 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» сафар намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд.
***
27 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони давлатҳои Фаронса, Британияи Кабир, Олмон, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кордори муваққатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуданд.
***
27 июли соли 2022 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бо дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони ҳамагирии COVID-19 16 ҳазору 400 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.
***
27 июли соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Чинро дар қолаби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ муҳокима намуданд.
***
27 июли соли 2022 масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо Русия дар меҳвари мулоқоти собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қарор гирифт.
***
27 июли соли 2023 АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» иттилоъ дод, ки то соли 2040 беш аз 9 миллион нафар дар Англия бо бемориҳои ҷиддӣ, ба мисли деменсия (фаромӯшхотирӣ), диабет, саратон, афсурдаҳолӣ ва бемории музмини гурда зиндагӣ хоҳанд кард.
27 ИЮЛ:
Дар Ветнам – Рӯзи қурбониёни расидан ба истиқлолият.
***
Дар Беларус – Рӯзи кормандони бахши савдо.
РӮЙДОДҲО:
27 июли соли 1694 дар Англия бо қарори Парлумони ин мамлакат «Бонки Англия» таъсис дода шуд.
***
27 июли соли 1789 нахустин мақомоти давлатии иҷроияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — шуъбаи робитаҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис ёфтааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1965 Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Линдон Бейнс Ҷонсон лоиҳаи қонунеро имзо намуд, ки аз истеҳсолкунандагони тамоку талаб мекунад, то дар қуттии он «Тамоку ба саломатии шумо зарар дорад» навишта шавад.
***
27 июли соли 2010 дар Қирғизистон Конститутсияи нав қабул гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1920 нахустин маротиба барои назорати парвози ҳавопаймоӣ қутбнамои радиоӣ истифода шуд.
***
Соли 1949 ҳавопаймои мусофирбари «Комет» аз ширкати ҳавопаймоии Британияи Кабир «Де Хевилленд» аввалин маротиба парвози баръакс анҷом дод.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Кароматулло Олимов —соли 1944 -ходими давлатӣ, доктори илми фалсафа, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 июл, якшанбе, 207-умин рӯзи соли 2026 аст






