ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июл, сешанбе, 209-умин рӯзи соли 2026 аст
28 июли соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду мамлакати ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт баррасӣ гардиданд.
***
28 июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоӣ бо иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар намуданд.
***
28 июли соли 2021 дар Душанбе иштирокдорони ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмиро байни давлатҳои аъзо тазаккур доданд.
***
28 июли соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.
***
28 июли соли 2022 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст масъала «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025» баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Канада, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Покистон конфронси байналмилалии илмию амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» доир гардид.
28 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гепатит.
***
Дар Перу – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
28 июли соли 2011 дар варзишгоҳи «Металлург»- и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобии даври дуюми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.
***
28 июли соли 1868 Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори 14-ум бо тағйиру иловаҳо қабул гардид. Тибқи тағйироти воридгардидаи ҳамон сол, ҳар нафаре, ки дар ҳудуди ин кишвар таваллуд мешавад, ба ӯ шаҳрвандии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дода мешуд.
***
28 июли соли 1928 дар Амстердам бозиҳои IX тобистонаи олимпӣ оғоз гардида, 12 август ба анҷом расиданд.
***
28 июли соли 1992 дар Афғонистон дар телевизион баромад кардани занон манъ карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
***
Соли 1978 Фаронса санҷиши ядроӣ гузаронид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 июл, душанбе, 208-умин рӯзи соли 2026 аст






