ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июл, чоршанбе, 210-умин рӯзи соли 2026 аст

Июль 29, 2026 08:00

29 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро имзо намуданд.

***

29 июли соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ва бо узвияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута фаъолият менамояд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Синфэн масоили ҳамкорӣ дар самти ҳамҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосирро баррасӣ намуданд.

***

29 июли соли 2021 баъди ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳристон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва омӯзгорони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 маротибаи аввал дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Узбекистон Озмуни байналмилалии корҳои илмию инноватсионӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Таиров ва Маҳноза Кабирова ғолиб омаданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелянро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла атрофи мавзуъҳои обу иқлим баррасӣ карда шуд.

29 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии паланг.

***

Дар Молдавия – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Руминия – Рӯзи суруди миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

29 июли соли 1783 дар Исландия заминҷунбии харобиовар ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 9 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, якчанд дарё самти равиши худро дигар карданд.

***

29 июли соли 1919 Ҳизби сотсиалистии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1943 1 миллион сокинон шаҳри Гамбурги Олмонро тарк карданд.

***

29 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Меморандум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаи савдо ва саноати Покистон ба имзо расид.

***

29 июли соли 2014 Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 тасдиқ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1930 аввалин ҳавопаймои мусофирбар аз Англия ба Канада парвоз кард.

***

Соли 1994 дар Австралия ҳарорати аз ҳама пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки он -23,0°С-ро ташкил дод.

 

Июль 29, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш