ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июл, панҷшанбе, 211-умин рӯзи соли 2026 аст
30 июли соли 2007 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор гардиданд.
***
30 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 280 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.
***
30 июли соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон» таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
***
30 июли соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-саноат-паранда»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
30 июли соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соли 2022 ба Тоҷикистон тақрибан 370 ҳазор сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 238 ҳазор ё қариб 2,9 маротиба зиёд мебошад.
***
30 июли соли 2023 дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар хиёбони марказии шаҳр бунёди калонтарин пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд оғоз гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён дар шаҳри Теҳрон иштирок намуданд.
30 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии дӯстӣ.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо харидуфурӯши одамон.
***
Дар Вануату – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1900 дар Британия меҳнати кӯдакон манъ карда шуд.
***
30 июли соли 1921 Ҳизби коммунистии Африқои Ҷанубӣ таъсис дода шуд.
***
30 июли соли 2013 масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
***
30 июли соли 2015 дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукуҳи варзишӣ ба истифода дода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҳабибулло Саидмуродов – соли 1933— олим, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июл, чоршанбе, 210-умин рӯзи соли 2026 аст






