ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 июл, шанбе, 185-умин рӯзи соли 2026 аст
4 июли соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшонро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли ҷамоаи мамлакат оид ба муносиботи давлат ва дин мулоқоти судбахш анҷом доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро дар партави тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон 2-3 июни соли 2022 ҳосил шуда буданд, баррасӣ намуданд.
***
4 июли соли 2022 дар асоси иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 26 сентябр — Рӯзи Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 декабр — Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамчун рӯзҳои ид муайян гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, иштирок намуданд.
***
4 июли соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ва бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
4 ИЮЛ:
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Украина – Рӯзи коршиносони суд.
***
Дар Тонго – Рӯзи шоҳ.
***
Ҳар шанбеи аввали моҳи июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии кооперативҳо таҷлил карда мешавад.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» таъсис дода шуд.
***
4 июли соли 2024 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
***
4 июли соли 1970 Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳоло ҳамчун Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1876 дар Сан-Франсиско аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон намоиши маҳсулоти электрикӣ баргузор шуд.
***
4 июли соли 1939 Анҷумани аввалини муаллимони Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Соли 1958 дар киштии атомии зериобии К-3 «Комсомоли ленинӣ» аввалин бор реактори ҳаставӣ сар дода шуд.
***
Соли 2004 Юнон аввалин маротиба Чемпиони Аврупо оид ба футбол гардид.
***
Соли 1997 дар Марс дастгоҳи «Pathfinder»-и Амрико фуруд омад.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 июл, ҷумъа, 184-умин рӯзи соли 2026 аст






