ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июл, чоршанбе, 189-умин рӯзи соли 2026 аст
8 июли соли 2004 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби вақти иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим Владимир Рушайло маҷмуи васеи масъалаҳои дорои характери минтақавию байналмилалӣ, ҳамкории иқтисодии байни мамлакатҳои узви ИДМ ва дигар мавзуъҳои муҳими вобаста ба робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
***
12 сол пеш, 8 июли соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Департаменти федералии молияи Швейтсария Эвелин Видмер-Шлюмпф масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсарияро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самтҳои сиёсат, иқтисод, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
***
8 июли соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
8 июли соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Маҷористон Каталин Ева Верешне-Новак ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба ирсол гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.
8 ИЮЛ:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи маъюбон ва пиронсолон.
***
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо аллергия
***
Дар Замбия — Рӯзи Ваҳдат.
***
Дар Русия — Рӯзи оила, боварӣ ва муҳаббат.
РӮЙДОДҲО:
8 июли соли 2010 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айнӣ гузошта шуд, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомониро ташкил медиҳад.
***
8 июли соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба Федератсия Русия, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Екатеринбург бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуд.
***
8 июли соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар ин рӯз дар Қасри миллат масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардид. Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1796 Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин маротиба ба шаҳрвандони ин мамлакат шиноснома дод.
***
Соли 1884 дар Лондон Ҷамъияти миллӣ оид ба пешгирии бераҳмӣ нисбат ба кӯдакон таъсис дода шуд.
***
Соли 1889 аввалин шумораи рӯзномаи «The Wall Street Journal», ки яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад, нашр шуд. Соли 2010 адади нашри он ба зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор нусха расид.
***
Соли 1944 дар Иттиҳоди Шуравӣ унвони фахрии «Қаҳрамонмодар» таъсис дода шуд.
***
Соли 1948 бомбаандози реактивии «Ил-28» аввалин парвози худро анҷом дод.
***
Соли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 июл, сешанбе, 188-умин рӯзи соли 2026 аст






