ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 июл, панҷшанбе, 190-умин рӯзи соли 2026 аст
9 июли соли 2010 дар тарабхонаи «Суҳбати дӯстон»- и шаҳри Истаравшан бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хонадоршавии 10 ҷуфти ҷавон ва хатнатӯйи 40 кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.
***
9 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори вақти Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзуи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо» баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
9 июли соли 2018 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018-2019 дар пойтахти мамлакат машварати корӣ доир намуданд.
***
9 июли соли 2025 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки тайи ду рӯз дар Тоҷикистон идома дошт, ба анҷом расид. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо нишони эҳтироми хоса меҳмони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
***
Дар ҳамин рӯзи соли 2022 дар фазои ҳавоии Тоҷикистон долони нави ҳавоии FUNSE ва хатсайри ҳавоии Z767 ифтитоҳ гардидааст.
9 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии теннис.
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ.
***
Дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз.
РӮЙДОДҲО:
9 июли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, мулоқот намуданд.
***
9 июли 2025 аз ҷониби пайвандони аксбардори шинохтаи тоҷик Заур Дахте бо мақсади ҳифзи доимӣ 137 акс, ки инъикосгари табиати нотакрор ва дастовардҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошанд, ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикитсон супорида шуд.
***
9 июли соли 2025 ба Ганҷинаи дастнависҳои Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Меҳриннисо Очилова беш аз 100 нусхаи нодир аз китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид.
***
9 июли соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Голландия «Тоҷик Тел» мавҷи телефонӣ сар дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1948 Созмони байналмилалии меҳнат Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи иттиҳодияҳоро қабул намуд.
***
Соли 1952 Ҷумҳурии Демократии Олмон дар бораи таъсис додани сотсиализм қарор қабул кард.
***
Соли 1957 дар ҷадвали химиявии Менделеев 102-юмин элементи химиявӣ кашф карда шуд. Элементи навро донишмандоне, ки дар Швейтсария фаъолият мекарданд, ба хотири Алфред Нобел «Нобелий» номгузорӣ намуданд.
***
Соли 1961 Юнон дар бораи дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо қарор қабул кард.
***
Соли 2006 дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Олмон дастаи мунтахаби Италия тими Фаронсаро дар силсилазарбаҳои 11-метра (вақти асосӣ 1:1) мағлуб намуд ва маротибаи 4-ум чемпиони чаҳон шуд.
***
Соли 1988 варзишгари немис Габриэла Ранш барои партофтани гурз ба масофаи 76 метру 80 сантиметр рекорди ҷаҳонӣ гузошт.
***
Соли 1997 чемпиони ҷаҳон Майк Тайсон барои раҳоӣ ёфтан аз дасти ҳарифи худ дар майдони ҳарб гӯши ӯро газид ва аз бозӣ ронда шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июл, чоршанбе, 189-умин рӯзи соли 2026 аст






