Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҷавонон дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк таҳти унвони «Як ҷаҳон, як бозӣ, як ҳадаф: футбол ҳамчун омили пешбурди солимии равонӣ ва некӯаҳволии ҷавонон» чорабинии сатҳи баланд баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд.
Дар чорабинӣ ноиби якуми Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) Ҷованни Инфантино ва Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҷавонон Фелипе Пауллиер суханронӣ намуданд.
Хуршед Мирзо таъкид кард, ки футбол на танҳо намуди варзиш, балки василаи муассири таҳкими руҳияи дастҷамъӣ, эътимод, фарогирии иҷтимоӣ ва рушди ҷавонон мебошад. Ӯ ҳамчунин аз тадбирҳои пайвастаи Тоҷикистон бо дастгирии FIFA ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) барои рушди инфрасохтори футбол, футболи оммавӣ, наврасон ва занона, инчунин фароҳам овардани имконияти бештар барои ҷавонон ёдовар шуд.
Изҳор гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо идомаи талошҳои Тоҷикистон дар самти истифодаи неруи футбол ҳамчун воситаи таҳкими сулҳ, рушди устувор ва ҳамгироии иҷтимоӣ мебошад. Дар ин замина ба ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намудани 25 май ишора карда шуд, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.



Президенти FIFA Ҷованни Инфантино нақши футболро ҳамчун воситаи муттаҳидсозии мардум, пешбурди фарогирӣ, маориф ва тағйироти мусбати иҷтимоӣ таъкид намуда, омодагии ин созмонро барои дастгирии рушди ҷавонон ва густариши имконияти онҳо иброз дошт.
Фелипе Пауллиер низ аҳамияти сармоягузорӣ ба солимии равонии ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити бехатару фарогирро таъкид намуда, изҳор дошт, ки варзиш, аз ҷумла футбол метавонад воситаи муассири таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ ва тавонмандсозии ҷавонон бошад.
Чорабинӣ дар арафаи бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 баргузор шуда, намояндагони давлатҳои аъзои СММ, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҷавон, сиёсатмадорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва варзишгаронро барои баррасии нақши футбол дар пешбурди солимии равонӣ ва некӯаҳволии ҷавонон ба ҳам овард.
Дар доираи чорабинӣ инчунин навори маъракаи «Тӯбро ба дигар нафар парто», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ Тоҷикистон таҳия гардидааст, намоиш дода шуд. Чорабинӣ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба аҳамияти солимии равонии кӯдакон ва ҷавонон тавассути футбол равона шудааст.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки чорабинӣ азму иродаи муштараки СММ, FIFA, давлатҳои аъзо ва шариконро барои истифодаи имконоти варзиш дар самти дастгирии солимии равонӣ ва некуаҳволии ҷавонон, инчунин бунёди ҷомеаҳои фарогир ва устувор боз ҳам тақвият бахшид.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид











Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






