Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари ҷавони тоҷик Маҳдӣ Баротов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ байни ҷавонони то 17-сола дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ байни варзишгарони ҷавони то 17-сола дар пойтахти Озарбойҷон бо иштироки қариб 700 варзишгари наврас аз 60 давлат оғоз шуд, ки то 2 август идома хоҳад кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Нуриддин Алланазаров панҷ варзишгар дохил буд: Умар Мухторов дар вазни то 55 кг, Маҳдӣ Баротов дар вазни то 60 кг, Бахтовар Примқулов дар вазни то 65 кг, Маҳдӣ Азизбоев дар вазни то 71 кг ва Ғаниҷони Шероз дар вазни то 80 кг. Аз байни онҳо танҳо Маҳдӣ Баротов соҳиби медал гардид. Ин паҳлавони ҷавони тоҷик дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг чаҳор қувваозмоӣ анҷом дода, дар сетоаш ғолиб омад.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ дар Озарбойҷон намояндагони 16 давлат сазовори медал гардиданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як медали нуқра соҳиби ҷойи 11-ум шуд.
Ёдовар мешавем, ки Маҳдӣ Баротов дар Бозиҳои III кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон аз намуди гӯштини юнону румӣ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






