Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд

Июль 27, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомон Амонов дар мусобиқаи байналмилалии рейтингии Федератсияи байналмилалии теннис Andijan Cup ITF J30 соҳиби ду медали тилло гардид. Мусобиқаи байналмилалии рейтингии Федератсияи байналмилалии теннис Andijan Cup ITF J30 дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Сомон Амонов дар рақобатҳои инфиродӣ бо гузаштан аз марҳилаҳои мусобиқа ба даври финалӣ роҳ ёфта, варзишгари Ҷумҳурии Узбекистон Никита Ғафуровро бо ҳисоби 4:6, 7:6(3) ва 6:3 шикаст дода, ба гирифтани медали тилло ва ҷойи якум мушарраф гардид.

Варзишгари тоҷик инчунин дар сабқати ҷуфтӣ дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҷумҳурии Узбекистон Никита Ғафуров дар бозии финалӣ бар варзишгарони Ҷумҳурии Қазоқистон Диас Тулепбергенов ва Ҳақназар Жеткербай бо ҳисоби 6:7(6), 7:5, 10:7 пирӯз шуда, дар ин мусобиқа медали дуюми тиллоро соҳиб шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 27, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад