Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии мамлакат 278 медал, аз ҷумла 76 медали тилло, 88 медали нуқра ва 114 медали биринҷӣ ворид намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 40 медал, аз ҷумла 7 медали тилло, 14 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Гуфта шуд, ки 480 варзишгар, аз ҷумла 137 духтари аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 87 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ дар хориҷи мамлакат иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки бо дастгирию роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони тоҷик ба хотири арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватан ва парафшон намудани Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа талошу ташаббусҳои созанда намуда, бо иродаи қавӣ ва матонату қаҳрамонӣ дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд.
Дар доираи татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар саросари мамлакат садҳо иншооти нави варзишӣ, аз ҷумла маҷмааҳои муосир, варзишгоҳҳо, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки сокинон, махсусан наврасону ҷавонон ба машқу тамрини мунтазам ҷалб гарданд.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки бо ибтикори кумита дар самти варзиши касбӣ 5420 чорабинии варзиши касбӣ бо фарогирии 175 ҳазору 293 нафар варзишгарон баргузор карда шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 аз лиҳози чорабинӣ 108 адад ва аз лиҳози фарогирӣ 6 650 нафар варзишгар зиёд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






