26 магистранти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соҳиби Дипломи аъло гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои хатм ба магистрантоне, ки таҳсилро муваффақона ба анҷом расонидаанд, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Президенти академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба 26 хатмкунандаи зинаи таҳсилоти магистратура дипломҳои аъло супорид.
Иброз гардид, ки тайёр намудани кадрҳои дорои донишҳои муосир, қобилияти таҳқиқотӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд зинаи таҳсилоти магистратура ҳамчун марҳилаи муҳими омодагии мутахассисони ҷавон ба фаъолияти минбаъдаи илмӣ нақши муассир дорад.
Соли равон муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии академияро 113 нафар хатм намуданд. Аз ин шумора 26 нафар таҳсилоти магистратураро бо натиҷаҳои баланд ва Дипломи аъло ҷамъбаст карданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид






