Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид

Август 23, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати васеи дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар рӯзҳои ФИФА-и моҳҳои сентябр ва октябр тими миллии Тоҷикистон се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23 сентябр дастаи мунтахаби мо дар шаҳри Боку бо тими миллии Озарбойҷон рақобат мекунад. Дар аввали моҳи октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сафар боз ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон 38 футболбоз дохил шудаанд: 4 дарвозабон, 12 ҳимоятгар, 16 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар. Аз ин шумора 26 бозигар барои иштирок дар ҷамъомади таълимию тамринӣ, ки 17 сентябр оғоз мешавад, даъват хоҳанд шуд.

Бо сабаби бардоштани ҷароҳат ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров ва нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов дар бозиҳои дӯстонаи дарпешистода иштирок карда наметавонанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 23, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд