Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»

Август 31, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш нақши роҳбарикунандаи Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ, бахусус дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба об ва пиряхҳо, баланд арзёбӣ кард. Дар ин хусус ӯ зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, изҳори назар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дабири кулли СММ таъкид кард, ки барои ӯ ҳамеша боиси хушнудии бузург аст, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, барои нақши роҳбарикунандаи Тоҷикистон дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир изҳори сипос намояд.

«Маҳз ба шарофати Тоҷикистон масъалаи об ба яке аз мавзуъҳои марказии баҳсҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Ҳамчунин, маҳз Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаи пиряхҳо нақши пешсаф дорад», — изҳор дошт Антониу Гутерриш.

Дабири кулли СММ ҳамчунин саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди масъалаҳои муҳими байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки ташаббусҳои Тоҷикистон заминаи мусоидро барои идомаи талошҳои муштарак дар самти ислоҳоти Созмони Милали Муттаҳид фароҳам меоранд.

«Мо ҳамеша аз ташаббусҳои Шумо ҷонибдорӣ мекунем. Ҳамзамон, дар робита ба Тоҷикистон, ҳар коре, ки аз дастамон барои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди кишвар меояд, мо ҳамеша омодаи анҷом додани он ҳастем», — гуфт ӯ.

Антониу Гутерриш дар идома аз сафарҳои қаблиаш ба Тоҷикистон ёдовар шуда, меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва фазои созандаи кишварро самимона ситоиш намуд.

«Ман дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Комиссари Олӣ ва Дабири кулл баъзе аз беҳтарин лаҳзаҳои фаъолияти худро ҳангоми сафар ба кишвари Шумо аз сар гузаронидаам. Меҳмоннавозии Шумо воқеан бемисл аст. Шумо на танҳо меҳмоннавозии хоссаи шахсӣ доред, балки соҳиби як кишвари аҷиб бо мардуми олиҷаноб ва неруи бузурги созанда ҳастед», — иброз дошт Дабири кулли СММ.

Ӯ таъкид намуд, ки ин эҳсоси самимӣ ва таассуроти нек аз Тоҷикистонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

«Умедворам, ки дар оянда, дар ҳар мақоме, ки насибам гардад, ҳатто агар танҳо ҳамчун як шаҳрванди одии ҷаҳон бошад ҳам, имкони боздид аз Тоҷикистонро пайдо хоҳам кард, то бори дигар нақши бисёр муҳимеро, ки Тоҷикистон имрӯз дар умури байналмилалӣ бар уҳда дорад, аз наздик эҳсос намоям», — гуфт Антониу Гутерриш.

Маврид ба таъкид аст, ки , ин изҳороти Дабири кулли СММ бори дигар мавқеи фаъол ва ташаббускори Тоҷикистон, хоссатан Роҳбари давлатро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла дар самти ҳифзи захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъкид менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 31, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард