ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ — ДАСТОВАРДИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид санади таърихии пешниҳодкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин ибтикори стратегӣ нишон медиҳад, ки модели сулҳи Тоҷикистон ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ аз як формулаи оштии миллӣ ба платформаи глобалии дипломатияи пешгирикунанда ва фарҳанги набудани хушунат дар сатҳи ҷаҳон табдил ёфтааст.
— Раванде, ки аз Созишномаи умумии истирори сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 оғоз гардид, дар остонаи соли 2027 ҳамчун модел ва намунаи муваффақ барои истифода дар таҷрибаҳои ҷаҳонӣ эътироф мешавад. Тоҷикистон на танҳо барои мардуми худ, балки барои тамоми ҷаҳон ва башарияти оянда паёми суботу амниятро тарғиб менамояд. Қабули ин қатънома нишон дод, ки ҷаҳониён бо эътимод ба таҷрибаи таърихии тоҷикон барои қабули чунин санади муҳим ибрози тамоюл кардаанд.
Муҳимтарин стратегияе, ки дар таҳияи ин қатънома аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудааст, дипломатияи пешгирикунанда мебошад. Он ба пешгирӣ аз пайдоиши баҳсҳо, авҷ гирифтани онҳо ва паҳн шудани низоъҳо нигаронида шудаааст. Ҳамчунин яке дигар аз масоили муҳими қатънома он аст, ки сулҳ на танҳо набудани ҷанг ё хушунати ошкор, балки мавҷудияти сохторҳои устувор, адолати иҷтимоӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Таомули байни наслҳо (Intergenerational Dialogue), ҳамгироии ниёзҳо ва манфиатҳои кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон дар раванди қабули чунин қарори стратегӣ аз ҷониби Тоҷикистон бисёр муҳим арзёбӣ шудааст. Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳадаф дорад, ки уҳдадориҳои Оинномаи СММ-ро барои «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» амалӣ созад. Он ниёзҳои кӯдакон ва ҷавононро ба равандҳои сиёсӣ пайваст мекунад.
Қатъномаи мазкур танҳо санади деклоративӣ нест, балки дорои сохтор ва механизмҳои муайяни иҷро мебошад. Аҳамияти ҳуқуқӣ ва консептуалии ин санад бар Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ такя мекунад. Он давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро даъват менамояд, ки сулҳро на танҳо дар сатҳи равобити байнидавлатӣ, балки дар сатҳи оила, ҷомеа ва минтақа таҳким бахшанд. Пайванди сулҳ бо маърифати ҳуқуқӣ ва технология пешниҳоди ин даҳсола бо ибтикорҳои дигари Тоҷикистон, ба мисли эълон шудани соли 2027 Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ ва қатъномаҳо оид ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ зич алоқаманд аст. Сулҳи пойдор бе волоияти қонун ва идоракунии дурусти технологияҳои нав имконнопазир аст.
Ҷаҳони имрӯза бо буҳронҳои шадиди геополитикӣ, ҷангҳои минтақавӣ ва афзоиши хушунат рӯбарӯ аст, ки ибтикори мазкур барои ҳалли онҳо роҳҳои амалӣ ва механизмҳои воқеӣ пешниҳод намудааст.
Нуктаи аввал он аст, ки ҳеҷ низое аз роҳи ҳарбӣ ҳалли устувор намеёбад. Тарафҳо бояд тавонанд, ки манфиатҳои миллиро аз манофеи гурӯҳӣ боло гузоранд ва бо якдигар сари мизи музокирот нишинад.
Механизми гузашти дуҷониба (Compromise Formula) низ бояд дар раванди барқарории сулҳ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Яъне гузашт ва бахшиш барои расидан ба сулҳ бояд воқеӣ бошад, на намоишӣ. Дар ҳолати воқеӣ набудан сулҳ ба натиҷа намерасад.
Ҳамгироии кафилони байналмилалӣ низ ба ин маъност, ки ҳамкории зичи кишварҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои марбута аз механизмҳои зарурии таҳаққуқи сулҳ ба ҳисоб меравад.
Қатъномаи Даҳсолаи сулҳ (2027–2036) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дорои масоил ва хатарҳои ҷиддӣ ҳастанд, паёми равшан дорад. Баҳсҳои марзӣ, эскалатсия, низоъҳои мусаллаҳона ва талафоти ҷонӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки ҳеҷ гуна фишори беруна ё истифодаи қувва наметавонад сулҳи пойдорро таъмин кунад ва бояд бо ҳамгироии минтақавӣ ва асос қарор додани ин қатънома ба сулҳу оромӣ даст ёбанд.
Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пирӯзии бузурги дипломатияи Тоҷикистон аст. Давлате, ки соли 1992 дар гирдоби ҷанги дохилӣ қарор дошт, имрӯз ба таҳиякунандаи рӯзномаи сулҳи ҷаҳонӣ барои даҳсолаи оянда табдил ёфтааст. Дарсҳои таърихии Тоҷикистон устуворанд ва сулҳ сабр, гузашт ва иродаи сиёсиро талаб мекунанд. Ин санади Созмони Милали Муттаҳид заминаи муҳиммеро барои муколамаи ҷаҳонӣ фароҳам меорад. Сулҳ, ки барои тоҷикон бо нархи гарон ба даст омада буд, акнун ҳамчун чароғи ҳидоят барои тамоми башарият ва наслҳои оянда хизмат хоҳад кард. Мардуми ҷаҳон ва ҳамсоягони минтақавӣ метавонанд аз ин раванд ибрат гиранд, ки дӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтироми мутақобил ягона роҳи наҷоти инсоният аз офати ҷангҳост.
Абдулбосит САЪДУЛЛО,
доктор (PhD)-и илмҳои сиёсӣ, ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад






