Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд

Август 21, 2026 08:23

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фарзона Сангинова корхонаи нави парандапарварӣ ташкил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод иттилоъ доданд.

Ин нахустин корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ дар ин ҷамоати деҳот ба ҳисоб меравад. Масъулини корхона нақша доранд, ки саршумори парандаро то ба 25 ҳазор сар расонанд. Баробари афзудани саршумори паранда ҷойи кор низ зиёд мегардад.

Ташкили чунин корхонаҳои истеҳсолӣ талаботи рӯз буда, бояд чунин коргоҳҳо дар дигар минтақаҳои ноҳия низ ташкил карда шаванд.

Бояд гуфт, ки парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Он яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва сердаромади комплекси агросаноатӣ мебошад. Рушди корхонаҳои парандапарварӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, пайдоиши ҷойи нави кор ва дастрасии аҳолӣ ба гӯшту тухми арзон ва босифат нақши калидӣ дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод

Август 21, 2026 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад