Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) аз 15 то 16 август бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибони ҷойи якум 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари амрикоӣ тақдим карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки якумин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ аз 28 то 31 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок карда буданд.
Дар ҳайати Тоҷикистон дар дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ байни мардон дар вазни 65 кг Ёсин Бобокалонов, Муҳаммад Салимов, Мустафои Абдулфайз, дар вазни 71 кг Муҳаммадисо Раҷабов, Умар Шеров, Абдуллои Ориф, дар вазни 78 кг Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Қоим Шукронов, Мирзоҷамил Рамазонов, дар вазни 86 кг Сайфиддин Сайфиддинзода, Ҳамроз Раҷабов, Ҳақназар Назаров, дар вазни 95 кг Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов, Саидҷамол Алимардонов ва дар вазни +95 кг Шарифҷон Назриев, Шакармамад Мирмамадов ва Фирдавс Насимов иштирок менамоянд.
Дар байни духтарон дар вазни 57 кг Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова, Фотима Исанбоева, дар вазни 70 кг Шаҳло Эрматова, Миҷгона Сафарова ва дар вазни +78 кг Мавлуда Асламова рақобат менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






