Дар Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» конфронси байналмилалӣ баргузор шуд

Август 25, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки рамзи истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад, ҳоло вусъат гирифтааст. Танҳо соли 2025 бо талошу заҳматҳои пайгиронаи Пешвои миллат ба идомаи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот зиёда аз 8,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Тоҷикистон бо иқтидори солонаи 527 миллиард киловатт-соат яке аз кишварҳои пешсаф дар соҳаи истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Ин нуктаро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни ифтитоҳи конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва 35 соли соҳибистиқлолӣ: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» имрӯз дар шаҳри Душанбе иброз намуд.

Гуфта шуд, ки баргузории конфронси байналмилалӣ дар арафаи таҷлили 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо фурсати муносиб аст, то дастоварду корномаҳои пурифтихори давлат ва миллатро давоми 35 сол аз манзари илмию таърихӣ баррасӣ намуда, муҳимтарин марҳалаҳои рушди устувори кишвар, аҳамияти ҷаҳонии фарҳанги сулҳофаринии тоҷикон ва ҷойгоҳи дипломатияи бисёрсамтаи Тоҷикистонро дар замони муосир мавриди арзёбӣ қарор диҳем. Чуноне ки аз ин таҳлили мухтасар бармеояд, Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ роҳи мураккабу пурифтихореро тай намуда, ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ноил гардид.

Истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ ба пояи устувори ҳама дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Дар ин давра Тоҷикистон ба давлати босубот ва дар ҳоли рушд мубаддал гардид. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 13,4 миллион сомонӣ дар соли 1991 то ба 176,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расид. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ҳамин давра аз 2,5 сомонӣ то ба 14,7 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт. Дар ин давра иқтисоди миллӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз рушд кардааст. Ҳамчунин барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо беш аз 670 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд.

Бо дахли ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон гуфта шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қабул гардид. Ин рӯйдод далели эътирофи таҷрибаи сулҳофарӣ ва намунаи шоистаи дурандешии стратегии Сарвари давлати мо дар ҷодаи таъмини сулҳу суботи саросарӣ, пешбурди муколамаи ҳамаҷониба ва ҳамбастагии наслҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

«Пазируфтани ибтикори Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ далели равшани эътирофи баланди таҷрибаи нави сулҳсозии тоҷикон, муаррифии ҷавҳари фарҳанги волои тоҷикон ва паёми тамаддуни сулҳмеҳвари мо ба ҷаҳониён мебошад», — гуфт дар хотима муовини якуми Сарвазири мамлакат.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 25, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд