Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид

Август 23, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи маорифи вилояти Хатлон соли таҳсили 2025-2026-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда, аз рӯйи нишондиҳанда дар байни минтақаҳои дигари мамлакат мақоми аввалро соҳиб гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 37 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят дар Озмуни ҷумҳуриявии «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» соҳиби аттестатҳои аъло гардиданд.

Аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон ба ҳар ғолиб 10 ҳазор сомонӣ тақдим гардида, ҳамчунин омӯзгорони онҳо бо 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин 10 хонандаи фаъол ва ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон — «Соҳибватан» ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола бо назардошти фаъолияти назаррас, пешсафӣ ва натиҷаҳои балантарини соҳаи маориф яке аз шаҳру ноҳияҳои вилоят соҳиби «Парчами сайёри ғолиб» мегардад. Имсол «Парчами сайёри ғолиб» бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ насиби ноҳияи Данғара шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 23, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд