Дар мавзуи «Аҳамияти Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино дар шинохт ва муаррифии илми тоҷик» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Август 18, 2026 16:09

ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Аҳамияти Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино дар шинохт ва муаррифии илми тоҷик» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Конференсия бо ташаббуси Маркази Синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуда, ба омӯзишу баррасии аҳаммияти илмӣ, фарҳангӣ ва байналмилалии ҷоиза, инчунин нақши осори илмӣ ва фалсафии ин мутафаккири бузурги тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ бахшида шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки мероси илмӣ ва фалсафии Абуалӣ ибни Сино яке аз дастовардҳои бузурги тамаддуни тоҷикон ва сарвати маънавии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ибни Сино бо осори фарогир дар рушди тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ, астрономия ва дигар соҳаҳои илм саҳми беназир гузошта, номи худро дар таърихи илми ҷаҳонӣ абадӣ гардонидааст.

Ба таъкиди Қобилҷон Хушвахтзода, Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино на танҳо арҷгузорӣ ба хизматҳои илмии ин мутафаккири бузург, балки воситаи муҳими муаррифии иқтидори илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Омӯзиши мероси Ибни Сино бояд барои насли ҷавон ҳамчун намунаи садоқат ба донишу маърифат ва ҷомеа хизмат намояд.

Нозим Маҳмадизода, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинов баргузории конференсияро қадами муҳим дар самти омӯзиш ва тарғиби мероси илмӣ-фалсафии Абуалӣ ибни Сино арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки вазифаи муҳаққиқони муосир аз он иборат аст, ки мероси Ибни Синоро бо истифода аз дастовардҳои нави илмӣ таҳқиқ намуда, арзиши воқеии онро ба ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ ва ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Дар конференсия аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илм дар мавзуъҳои «Ибни Сино: мақом ва афкори сиёсии ӯ дар ҷомеа», «Хайём ва Ибни Сино»,  «Нақши файласуфону шарқшиносони фаронсавӣ дар омӯзиши илмии фалсафаи Ибни Сино», «Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ибни Сино дар соҳаи тиб ва рушди худшиносии миллӣ», «Муқоисаи андешаҳои астрономии Аҳмади Дониш ва Ибни Сино» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 18, 2026 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»