ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли нави хониш ба 40 нафар ятимони кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Зимни тақдими либос ва лавозимоти хониш роҳбарияти шаҳри Ҳисор изҳор доштанд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон, дастгирии кӯдакону наврасон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Гуфта шуд, ки барои таҳсили хубу самараноки хонандагон фароҳам овардани шароити зарурӣ ва таъмини онҳо бо лавозимоти таълимӣ муҳим буда, ҷомеа бояд дар тарбияи насли наврас саҳми муносиб гузорад.
Хонандагон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки бо истифода аз имконияти фароҳамгардида бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони шоистаи Ватан ба ҷомеа хизмат менамоянд.
Ин тадбир дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба соли нави таҳсил андешида шуда, барои руҳбаландии хонандагон ва фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил замина мегузорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад






