Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол ба шаҳри Бейрут сафар кард, ки дар он ҷо ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2027 дастаи ҷавонони мо ду бозии санҷишӣ бар муқобили ҳамсолонашон аз Лубнон анҷом медиҳад. Вохӯриҳо 21 ва 24 август баргузор мешаванд.
Пас аз анҷоми ҷамъомади тамринӣ дар Лубнон дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба Баҳрайн сафар карда, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 иштирок хоҳад кард.
Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «D» аз 31 август то 6 сентябр дар шаҳри Манама доир мешаванд. Дар ин марҳила дастаи мунтахаби мо бо дастаҳои Баҳрайн (31 август), Афғонистон (3 сентябр) ва Урдун (6 сентябр) рақобат мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






