Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод

Август 26, 2026 13:58

ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Бейрут бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон баргузор намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид.

Ҷамъомади таълимию тамринии даста дар Бейрут то 28 август идома меёбад. Пас аз анҷоми он дастаи мунтахаби ҷавонон ба Манама сафар карда, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 иштирок мекунад.

Дар доираи марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «D» дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Баҳрайн (31 август), Афғонистон (3 сентябр) ва Урдун (6 сентябр) бозӣ мекунад.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва инчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм роҳхат мегиранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 26, 2026 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад