Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид

Август 8, 2026 09:15

ДУШАНБЕ, 08.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу 9 медалро соҳиб шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷиу — ҷитсуи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу дастаи мунтахаби Тоҷикистон 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар он барандаи медали тиллои чемпионати ҷаҳон No-Gi Исмоил Зиёев дар вазни 77 кг гардид. Барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон (No-Gi) Самир Ризоев дар вазни 85 кг гардида, барандагони медали биринҷии чемпионати ҷаҳон (Gi) Комил Боймуродов дар вазни 77 кг, Хушвахт Раҳмихудоев дар вазни 85 кг, Исмоил Зиёев дар вазни 77 кг,  Салмон Ризоев дар вазни 69 кг, Самир Ризоев  дар вазни 85 кг,  Анас Саидов дар вазни 32 кг ва Юсуф Набиев дар вазни 40 кг гардиданд.

Ба даст овардани 9 медали Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу аз тарафи дастаи Тоҷикистон дастоварди таърихӣ маҳсуб мешавад.

Тавре мураббии даста иброз дошт, бо вуҷуди он ки дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дастаҳои зиёде аз давлатҳои гуногун иштирок доштанд, варзишгарони мо тавонистанд маҳорати баланд нишон дода, чунин натиҷаҳои назаррасро ба даст оваранд.

Соли 2026 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои Боку ва Узбекистон, инчунин дар Чемпионати Осиё дар Қазоқистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Акнун ба рӯйхати ин дастовардҳо як чорабинии бузурги ҷаҳонӣ низ илова шуд.

 

АКС: Федератсияи ҷиу — ҷитсуи Тоҷикистон

Август 8, 2026 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд