ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад

Август 30, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 30.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «D» се бозӣ анҷом медиҳад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Баҳрайн (31 август), Афғонистон (3 сентябр) ва Урдун (6 сентябр) мебошанд.

Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «D» дар Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Исо-Тауни Баҳрайн баргузор мешаванд.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва инчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 30, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад