ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ба анҷом расид, ки дар он 92 довар аз кишварҳои гуногуни минтақа иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, аз Тоҷикистон дар ин ҳамоиш доварони ФИФА Гулмуроди Саъдулло, Насрулло Кабиров, Сайёдҷон Зайниддинов, Абдулло Давлатов ва Амирҷон Хоркашев, инчунин довари VAR-и ФИФА Зуҳал Хуҷаназарова иштирок мекунанд. Дар ҳайати дастурдиҳандаи омодагии ҷисмонӣ сардори раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев низ ҳузур дорад.
Ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи омодагии назариявӣ, такмили маҳорати амалии доварон ва беҳтар намудани омодагии ҷисмонии онҳо буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид






