ИМРӮЗ–РӮЗИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОН. Ихтироъкорони тоҷик дар шаш моҳ соҳиби 77 нахустпатент шуданд
ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи август Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон таҷлил мегардад.
– Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон барои рушди илму технология, фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Таваҷҷуҳи бештар ба рушди илмҳои дақиқу табиӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот равона гардидааст.
Дар шароити гузариши мамлакат ба марҳилаи нави рушд ва идомаи раванди саноатикунонии босуръат нақши ихтироъкорӣ ва навоварӣ бештар мегардад. Зеро рушди истеҳсолот, татбиқи технологияҳои муосир, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва истифодаи самараноки захираҳо ба татбиқи дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти нав вобастагии зиёд дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ба Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатӣ барои гирифтани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтироъ 96 ариза ворид гардид.
Аз ин шумора 38 ариза ба шахсони ҳуқуқии миллӣ ва 58 ариза ба шахсони воқеии миллӣ тааллуқ дорад.
Аризаҳои воридшуда соҳаҳои гуногуни илм ва истеҳсолотро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, ба соҳаҳои тиб, химия, физика, кишоварзӣ, сохтмон, энергетика, металлургия, дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ, байторӣ, биотехнология ва дигар самтҳо ихтироъҳо пешниҳод шудаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани экспертизаи расмӣ, моҳиятӣ ва пешакии аризаҳои воридшуда дар шаш моҳи соли 2026 1 қарор барои додани патент ба ихтироъ ва 76 қарор барои додани нахустпатент ба ихтироъ қабул гардид. Инчунин 1 қарор барои додани патент ба намунаи саноатӣ қабул шуда, 12 қарор оид ба рад намудани додани нахустпатент ба ихтироъ бароварда шуд.
Дар ҳамин давра ба Феҳристи давлатӣ барои додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ 77 қарор барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ ва 1 қарор барои гирифтани патент ба намунаи саноатӣ супорида шуд.
Аз 77 қарор барои додани нахустпатент қисми зиёди ихтироъҳо ба соҳаи тиб рост меояд. Аз ҷумла, 21 қарор дар соҳаи тиб, 11 қарор дар соҳаи химия, 8 қарор дар соҳаи кишоварзӣ, 6 қарор дар соҳаи байторӣ, 6 қарор дар соҳаи металлургия ва 5 қарор дар соҳаи сохтмон ба қайд гирифта шуд.
Тоҷикистон дар баробари рушди фаъолияти ихтироъкорӣ дар дохили мамлакат барои муаррифии дастовардҳои ихтироъкорони мамлакат дар озмуну намоишгоҳҳои байналмилалӣ низ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Яке аз чунин чорабиниҳо 19-умин озмун ва Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъҳои занон дар Корея — KIWIE 2026 мебошад, ки аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Сеул баргузор гардид. Дар он 591 ихтироъ аз 21 кишвари ҷаҳон муаррифӣ шуд. Аз Тоҷикистон 11 нафар зани ихтироъкор иштирок намуда, ихтирооти худро дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод карданд.
Натиҷаи иштироки ихтироъкорони тоҷик назаррас буда, онҳо 2 медали тилло, 9 медали нуқра ва 1 ҷоизаи махсус ба даст оварданд. Ин дастовард бори дигар нишон медиҳад, ки занони Тоҷикистон дар рушди илму технология, фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Аз соли 2012 то имрӯз дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ дар маҷмуъ 79 зани ихтироъкори тоҷик иштирок намуда, соҳиби 90 медал, аз ҷумла 33 медали тилло, 36 медали нуқра ва 21 медали биринҷӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир иштироки занон дар фаъолияти ихтироъкорӣ низ бештар шудааст. Агар соли 2021 шумораи занони ихтироъкор 73 нафарро ташкил дода бошад, пас соли 2025 ин нишондиҳанда ба 110 нафар расид.
Ин тамоюл аз зиёд шудани таваҷҷуҳи занону духтарон ба илм, технология ва фаъолияти эҷодию навоварӣ шаҳодат медиҳад.
Рушди минбаъдаи фаъолияти ихтироъкорӣ ба тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот, дастгирии ихтироъкорони ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва фароҳам овардани имконияти васеи татбиқи ихтироот дар амал вобаста мебошад.
Дар ин самт Маркази миллии патенту иттилоот ба ихтироъкорон ва аризадиҳандагон оид ба тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент ва нахустпатент машварату ёрии амалӣ мерасонад. Ҳамчунин барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён, олимон, муҳаққиқон ва ихтироъкорон дар минтақаҳои гуногуни мамлакат машваратҳои омӯзишӣ баргузор карда мешаванд.
Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки ихтироъкорӣ дар Тоҷикистон тадриҷан аз доираи фаъолияти маҳдуди илмӣ берун шуда, ба воситаи муҳими рушди технология, истеҳсолоти муосир ва иқтисоди ба дониш асосёфта табдил меёбад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд






