ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 август Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Дар робита ба иди касбии табибон имрӯз дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гулчанбар гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки 18 августи соли 1995 Парлумони Тоҷикистон ин рӯзро чун иди касбии табибон ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд. Зеро 1046 сол муқаддам, дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Дар робита ба зодрӯзи ин алломаи Шарқ ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамоишу конференсия ва чорабиниҳои мухталиф гузаронида мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии кормандони тиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳад. Зеро саломатӣ асоси некӯаҳволии инсон, шахс, оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз медоранд, ки «солимии ҷомеа боигарии давлат аст».
Тавре Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, «дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдому ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ заминаи ҳуқуқӣ такмил ёфта, низоми идоракунӣ ва маблағгузорӣ рушд кард, муассисаҳои тиббӣ бунёд ва таҷҳизоти муосир ворид карда шуда, имконоти ташхису табобат васеъ гардиданд».
Агар то замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 2860 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ин шумора имрӯз ба 5313 адад расидааст. Дар ин давра 3265 муассисаи тандурустӣ сохта ва навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ беш аз 2 миллиарду 353 миллион сомонӣ ба харидани таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббӣ, молҳои тиббӣ ва нақлиёти санитарӣ равона гардидааст.
«Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ворид намудани технология ва усулҳои муосири ташхису табобат мебошад. Дар муассисаҳои тиббии мамлакат беш аз 49 усули нави ташхис ва 222 усули табобат амалӣ карда шудааст. Ин тадбирҳо ба ҳадафи муҳим-беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ равона шудаанд»,-мегӯяд Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Имсол зимни таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ҷамъомаду вохӯриҳо гузаронида шуда, мутахассисони соҳа бо мукофоту ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Табибӣ яке аз касбҳои пурифтихортарин, волотарин ва бошарафтарин шуморида мешавад. Тавре файласуф Гиппократ гуфтааст: «Табибе, ки барои дармон ба сари болини бемор меояд, мисли диловаре аст, ки ба майдони корзор ворид мешавад».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд






