ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Забони тоҷикӣ аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳои дунёст. Пояҳои мустаҳками забони шевои мо маҳз аз ҷониби шоирони бузурги тоҷик Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Муродӣ, Форобӣ, Робиаи Балхӣ ва садҳо дигарон, ки дастпарварони даргоҳи сулолаи Сомониён буданд, дар он даврони тақдирсоз гузошта шудаанд. Он моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдориамон мебошад.
— Забони модарӣ яке аз рукнҳои ҳастии миллат буда, давоми таърихи куҳан миллати мо маҳз бо забони худ арзи ҳастӣ кардааст. Бешубҳа, забони тоҷикӣ буд, ки дар дарбори шоҳони аҷнабӣ мақоми салтанату истифодаашро аз даст надод ва забони давлатдорию маъмурӣ, ҳуҷҷатгузориву фармонравоӣ гардид ва аз ин рӯ онро забони дарӣ, яъне забони дарбориён низ мегӯянд.
Ҳанӯз 22 июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Барои соҳибмақомии забони тоҷикӣ бисёре аз фарзандони фарзонаи миллат ҷонбозиҳо карданд. Натиҷаи меҳнат, баҳсҳову талошҳои онон буд, ки ҳоло мо озодона аз минбарҳои ҷаҳонӣ бо ифтихор бо забони модарӣ сухан мегӯем. Забони тоҷикӣ забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Ниёгони мо забони модариро маҳз бо ҳамин сифатҳои олияш ситоиш кардаанд.
Аз рӯзи қабули Қонуни забони тоҷикӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, ки дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик рӯйдоди бузургест, ҳадафҳо ва мақсадҳои гузошташуда тадриҷан амалӣ гардиданд. Ин рӯйдод дар роҳи мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон далели иқдоми ҷиддӣ аст.
Ҳоло забони тоҷикӣ забони илмию эҷодӣ, таҳқиқотию ташаббускорӣ ва анҷуманҳо, ҷаласаҳои илмию адабӣ, техникию фарҳангӣ, ахлоқию фалсафӣ ва ғайраҳо гардидааст.
Забони мо он мақомеро, ки ҳазор сол қабл дар асри тиллоии миллати тоҷик дошт, боз соҳиб гардид. Тоҷикистони навин дар арсаи ҷаҳонӣ бо ин забон шинохта шуд. Аммо набояд мо қаноатманди рушди имрӯзаи забони худ бошем, балки боз ҳам барои инкишофи баъдинаи он ва покии таърихии забонамон кӯшем.
Аз замони Рӯдакӣ то имрӯз забоне, ки зинда омада расидааст, моро ҷовидонӣ хоҳад дошт. Барои ин олимон, зиёиён, мутахассисони соҳаҳои гуногунро зарур аст, ки корҳои илмию эҷодӣ, таҳқиқотию таҷрибавиашонро бо забони тоҷикӣ ба роҳ монанд ва аз дигар забонҳои ҷаҳон адабиёти заруриро ба забони тоҷикӣ баргардон кунанд. Дар ин самт донишмандону ходимони илмӣ ва омӯзгорони муассисаҳои илмию таълимӣ, шоирону нависандагон низ бояд саҳм гузоранд, дар омӯзиш ва боз ҳам такмили он ташаббускор бошанд ва барои донишҷӯёну магистрон ва аспирантону унвонҷӯён кумаки беғарази худро дареғ надоранд.
Муҳаббат ба забони поки модар, эҳтиром ба забони ноби тоҷикӣ- ин ҳамон эҳтироми ирсии мо ба волидонамон аст. Ҳар касе эҳтироми забони модарии худро пос намедорад, ӯ ҳеҷ гоҳ заррае ба модар ва волидони худ муҳаббат нахоҳад дошт.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар мамлакати мо 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳилаи нави рушди забони давлатӣ оғоз гардида, барои нигаҳдорӣ, ҳимоя ва таъмини рушди бомароми забони давлатӣ иқдомҳои шоиста амалӣ мегарданд. Таъсиси мақоми ваколатдори забони давлатӣ – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2008 эълон гардидани «Соли бузургдошти забони тоҷикӣ», 5 октябри соли 2009 дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани барномаҳои рушди забони давлатӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ аз ҷумлаи онҳост.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ пешоҳанги ҳама ташаббусҳои наҷиб дар роҳи арҷгузорӣ ба забони давлатӣ Пешвои миллат мебошанд. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар корҳои давлатдорӣ озодона мавриди истифода қарор дорад ва ин забон имрӯз ба забони илму маориф, қонунгузорӣ, сиёсат, робитаҳои дипломатӣ ва ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст.
Дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат 5 октябри соли 2021 иброз доштанд, ки «забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад». Дар робита ба ин гуфтаҳои арзишманд таъкид бояд кард, ки яке аз принсипҳои асосии хизмати давлатӣ ин садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон буда, имрӯз хизматчиёни давлатии мо низ дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ бетараф нестанд. Гузашта аз ин, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» донистани забони давлатиро ҳамчун яке аз талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ пешбинӣ кардааст. Зимни қабул ва таъйин намудани мутахассисон ба вазифа аз онҳо дар баробари донистани забони давлатӣ огоҳ будан аз таърих ва муқаддасоти миллӣ низ талаб карда мешавад.
Дар ин давра дар сохторҳои идораи давлатӣ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Аз ҷумла, Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳои давлатӣ таъсис дода шуда, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ бо забони давлатӣ амалӣ гардидааст.
Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ таҳия гардида, зимни таҳияи онҳо вобаста ба корбурди дурусти истилоҳоти соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ зимни ташкили даврҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба такмили донишҳои хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамасола номгӯи мавзуъҳои мубрами омӯзиширо барои ворид намудан ба барномаҳои таълимӣ дар ҳамоҳангӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамоянд. Аз ҷумла, дар даврҳои дахлдори азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими мавзуъҳои «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва роҳҳои амалисозии он», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», «Забони коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ» мунтазам таъмин гардида, ба мушоҳида мерасад.
Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳояшон дар мулоқоту машваратҳо дар баробари гиромидошти забони миллӣ ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Яъне дар баробари пайгирӣ аз сиёсати ягона дар бораи забони давлатӣ дар шароити имрӯза донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои русию англисӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сиёсати донистани забонҳо, ки аз ҷониби Пешвои миллат аз тамоми ҷавонон ва кормандони идораи давлатӣ, яъне хизматчиёни давлатӣ тақозо карда мешавад, барои рушди ҳар шахс замина фароҳам меорад ва ҳамзамон барои дастрасии ҳар кадоми мо ба махзанҳои иттилоотии ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар шароити имрӯза маҳз мутахассисони забондону болаёқат ва ватандӯсту фидокор метавонанд дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳисса гузоранд ва барои пешрафти Тоҷикистон иқдомҳои шоистаро амалӣ намоянд.
Дар шароити бисёр ҳассоси ҷаҳони имрӯза муҳимтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳи мамлакат нигаҳдориву арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳоямон – забони модарӣ ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани ин забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад.
Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Итминон дорем, ки минбаъд ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан хизматчиёни давлатӣ, ки татбиқкунандаи сиёсати созанда ва ватандӯстонаи Пешвои миллат мебошанд, дар роҳи гиромидошти забони модарӣ боз ҳам бештару беҳтар мегардад.
Ибодулло АЗИМОВ,
сармутахассиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад
ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОН. Ихтироъкорони тоҷик дар шаш моҳ соҳиби 77 нахустпатент шуданд
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
Дар Муъминобод бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд






