Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе семинари дурӯза оид ба ташкили бозиҳо барои комиссарони нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба анҷом расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, давоми ду рӯз комиссари ФИФА ва КФО аз Қирғизистон Кемел Токабоев таҷрибаи ғании байналмилалиашро бо иштирокчиён мубодила намуда, дар бораи тартиби ташкили бозиҳо мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муфассал маълумот дод.
Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин семинар кормандони раёсати муносибатҳои байналмилалии ФФТ ва мутахассисони Федератсияи футболи шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.
Дар семинари омӯзишӣ масъалаҳои асосии фаъолияти комиссарони бозиҳо, аз ҷумла нақш, вазифа ва уҳдадориҳои онҳо, омодасозии варзишгоҳҳо барои баргузории вохӯриҳои байналмилалӣ, масъалаҳои маркетинг ва воситаҳои ахбори омма, таъмини бехатарӣ, ҳамкорӣ бо ташкилкунандагони бозиҳо, тартиби омода намудани ҳуҷҷатҳои расмӣ, пур кардани гузоришу ҳисобот, инчунин баррасии ҳолатҳои гуногуни фавқулода ва тартиби амал дар чунин вазъиятҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар анҷоми семинар довталабон барои дохил шудан ба ҳайати комиссарони бозиҳои CAFA аз рӯи барномаи омӯзишӣ имтиҳон супориданд. Иштирокчиёне, ки аз санҷиш муваффақона гузаштанд, ба ҳайати комиссарони бозиҳои мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои мавсими нав дохил мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






