НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш 1028 нафар варзишгарон ба машғулияти варзишӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шаҳритус Тағой Абдуллозода иттилоъ дод.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 варзишгарони ноҳия дар 22 мусобиқаи вилоятӣ, 6 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 9 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, 9 медали тилло, 14 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон барои фаро гирифтани наврасон ба мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар давраи таътили тобистона дар 6 ҷамоати шаҳраку деҳот 221 мусобиқаи гуногун гузаронида шуд. Дар он 810 варзишгар иштирок намуда, ғолибону ҷоизадорон бо диплому медалҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ноҳия барои боз ҳам бештар ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар ноҳия 1 варзишгоҳи калон бо 5000 ҷой, 21 толори варзишӣ, 10 майдончаи мини-футбол, 10 майдончаи волейбол ва 20 майдончаи баскетбол фаъолият менамоянд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 103 макони таърихӣ ҷойгир мебошад. Дар нимсолаи якуми соли 2026 25 ҳазору 875 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба тамошои маконҳои зебою таърихии ноҳия омадаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад






