ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд

Август 12, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми бозиҳои ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол ҳама иштирокчиёни марҳилаи нимниҳоӣ муайян шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ҷуфтҳои зерин ба ҳам меоянд:

«Равшан» — «Хуҷанд»

«Эсхата» — «Сардор»

Рақобатҳои даври нимниҳоӣ аз ду бозӣ иборатанд. Дастаҳое, ки аз рӯйи натиҷаи ду вохӯрӣ пирӯз мешаванд, ба финал роҳ меёбанд ва барои ба даст овардани Ҷом муборизаро идома медиҳанд.

Ҳаҷми умумии ҷоизаҳои Ҷоми Тоҷикистон имсол 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа 200 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали нуқра 100 ҳазор сомонӣ ба даст меорад.

Ғайр аз ин, ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2026 соҳиби роҳхат ба Лигаи даъвати КФО-2027/28 мегардад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 12, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид