Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад

Август 30, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 30.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ бо Тоҷикистон таҳким бахшад. Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад 27 август дар вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон иброз намуд, ки Тоҷикистону Покистон дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ-минтақаҳои ҷолиби табиӣ, кӯҳҳои баланд, чашмаю дарёҳои хурӯшон ва олами бойи набототу ҳайвонот, анъанаҳо ва фарҳанги ғанӣ мебошанд, ки ин ҳама зарфият имкон доранд ба густариши соҳаи сайёҳӣ байни ду давлат мусоидат намоянд.

Сафир афзуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ бояд парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни Покистон ва Тоҷикистон ба роҳ монад шаванд. Ин дар тақвияти ҳамкории иқтисодии ҳар ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба роҳ мондани парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни ду давлат дар мулоқотҳои Сарони ҳар ду кишвар ва ҳамчунин роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шудааст.

Парвозҳои мустақим метавонанд робита ва ҳамкориро байни ду давлат таҳким бахшида, ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, аз ҷумла аз 10 то 20 ҳазор сайёҳ солона аз Покистон ба Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Ирфон Аҳмад афзуд, ки шаҳрвандони Покистон барои саёҳат ба Тоҷикистон бештар ҳавасманданд. Танҳо соли 2025 беш аз 80 ҳазор сайёҳи покистонӣ аз Озарбойҷон ва 50 ҳазор аз Узбекистон боздид намудаанд. Ташкили парвозҳои мустақими ҳавоӣ метавонад ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон аз Покистон ба Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, хусусан сайёҳии муолиҷавӣ мусоидат намояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 30, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад