ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
ДУШАНБЕ, 30.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тағйироти пешбинишуда дар қонунгузории Федератсияи Русия, соли 2027 якчанд талаботи нав нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ мавриди амал қарор мегиранд.
– Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират хабар доданд, аз 1 январи соли 2027 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ доранд, бояд сатҳи ҳадди ақалли даромад дошта бошанд, то барои таъмини зиндагии худ ва аъзои оилааш, ки дар ин давлат ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунанд ва аз ҷиҳати молиявӣ дар таъминоти ӯ қарор доранд, кофӣ бошад.
Ҳаҷми чунин таъминот набояд аз андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ бо назардошти коэффитсиенти минтақавии муқарраргардида камтар бошад. Коэффитсиенти дахлдор дар ҳар субъекти ин давлат бо назардошти шароити минтақа муайян карда мешавад. Дар ҳолате, ки шаҳрванди хориҷӣ дар ду ё зиёда субъекти Федератсияи Русия (мисол — вилояти Москва ва Ленинград) фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳад, ҳисобкунии маблағи зарурӣ бо назардошти баландтарин андозаи ҳадди ақалли зиндагии муқарраргардида дар байни ин минтақаҳо анҷом дода мешавад.
Инчунин агар шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Русия дар асоси патент фаъолияти меҳнатӣ анҷом диҳад, муҳлати будубоши муваққатии фарзандони ӯ метавонад ба муҳлати амали патент тамдид карда шавад. Ҳамзамон муҳлати будубоши фарзанд наметавонад аз расидан ба синни 18 зиёд бошад. Тамдиди муҳлати будубош ба риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия, аз ҷумла сари вақт пардохт намудани андози авансии даромади шахсони воқеӣ вобаста аст.
Пас аз расидан ба синни 18 шаҳрванди хориҷӣ бояд мустақилона талаботи қонунгузории Федератсияи Русияро риоя намуда, барои қонунӣ будани будубоши худ дар кишвар тадбирҳои зарурӣ андешад.
Аз ҷумла, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ӯ бояд дар муҳлати 30 рӯз аз қаламрави Федератсияи Русия хориҷ шавад ё барои фаъолияти меҳнатӣ ба таври дахлдор патент гирифта, пардохтҳои авансии андозро сари вақт анҷом диҳад ва фаъолияти меҳнатиро қонунӣ ба роҳ монад.
Ҳамчунин аз 1 марти соли 2027 талаботи марбут ба сатҳи музди меҳнати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Федератсияи Русия мақоми мутахассиси баландихтисос доранд, низ тағйир меёбад. Ҳадди ақалли муайяншудаи музди меҳнати чунин мутахассисон қариб се баробар – аз 250 ҳазор рубл то 717 ҳазор рубл зиёд карда мешавад.
Намояндагӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давлат фаъолияти меҳнатӣ доранд, даъват менамояд, ки ба тағйироти қонунгузории муҳоҷиратӣ бо масъулияти ҷиддӣ муносибат намоянд. Инчунин муҳлати ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ, патент, пардохтҳои авансии андоз ва дигар талаботи қонунгузориро сари вақт риоя кунанд. Зеро риояи қонунгузории Федератсияи Русия, фаъолияти меҳнатии қонунӣ ва сари вақт анҷом додани ҳама пардохтҳои ҳатмӣ омили муҳими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии мушкилоти марбут ба будубош ва фаъолияти меҳнатии онҳо мебошад.
АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






