Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Чемпионати ҷаҳон 15-16 август бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон доир гардида, паҳлавонон дар 9 вазн — 6 вазн байни мардон ва 3 вазн байни занон — барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ рақобат мекунанд.
Тибқи муқаррарот, дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибони ҷойи якум 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари амрикоӣ тақдим карда мешавад.
Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар рақобатҳои мардон дар вазни 65 кг Ёсин Бобокалонов, Муҳаммад Салимов ва Мустафои Абдулфайз, дар вазни 71 кг Муҳаммадисо Раҷабов, Умар Шеров ва Абдуллои Ориф, дар вазни 78 кг Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Қоим Шукронов ва Мирзоҷамил Рамазонов, дар вазни 86 кг Сайфиддин Сайфиддинзода, Ҳамроз Раҷабов ва Ҳақназар Назаров, дар вазни 95 кг Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов ва Саидҷамол Алимардонов, дар вазни +95 кг Шарифҷон Назриев, Шакармамад Мирмамадов ва Фирдавс Насимов иштирок менамоянд.
Дар байни занон дар вазни 57 кг Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова ва Фотима Исанбоева, дар вазни 70 кг Шаҳло Эрматова ва Миҷгона Сафарова ва дар вазни +78 кг Мавлуда Асламова Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки якумин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 28-31 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок карда буданд.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе












Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






