«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт

Август 13, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол- дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар тими «Мазия»-и Малдив пирӯз шуда, роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27-ро ба даст овард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар бозии даври муқаддамотӣ, ки дар Малдив баргузор шуд, «Регар-ТадАЗ» тими «Мазия»-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Ҳамин тавр, дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 Тоҷикистонро ду бошгоҳ– «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода намояндагӣ хоҳанд кард.

Рақибони дастаҳои мо дар марҳилаи гурӯҳӣ 20 август дар қуръакашии мусобиқа маълум мешаванд.

АКС: Федератсияи футбол Тоҷикистон

Август 13, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад