Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 16.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ хусусияти тағйирёбанда дошта, дар ҳар марҳилаи рушди давлатдорӣ мутобиқ намудани шаклу усулҳои идоракунӣ ва баргузории чорабиниҳои дорои аҳамияти миллӣ ва давлатиро тақозо менамоянд. Тағйирёбии муҳити сиёсӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, болоравии маърифати шаҳрвандӣ, ташаккули муносибатҳои нави иҷтимоӣ ва афзоиши нақши ҷомеа дар равандҳои сиёсиву идоракунӣ истифодаи равишҳои инноватсиониро дар баргузории чорабиниҳои давлатӣ тақвият бахшидааст.
–Дар шароити муосир чорабиниҳои давлатӣ танҳо воситаи таҷлили санаҳои таърихӣ ё рӯйдодҳои муҳими миллӣ набуда, ҳамчун механизми татбиқи сиёсати давлатӣ, идоракунии иҷтимоӣ, муоширати сиёсӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳамгироии ҷомеа ва рушди фарҳанги шаҳрвандӣ низ хизмат менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, таҷлили Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фарогирии васеи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ таҷассум меёбад, на танҳо аҳамияти сиёсиву фарҳангӣ, балки ҷанбаҳои иҷтимоӣ, маънавӣ, идоракунӣ ва стратегиро низ дар бар мегирад.
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзиши олии давлатдорӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ниҳодии ташаккули давлати соҳибихтиёрро фароҳам овардааст. Бинобар ин, таҷлили он ҳамчун раванди фарогири сиёсиву ҷамъиятӣ амалӣ шуда, дар он мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, намояндагони фарҳанг, соҳибкорон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ иштироки фаъол доранд.
Дар ин раванд саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва рушди давлатдорӣ аҳамияти хосса дорад.
Таҷрибаи давлатсозии давраи соҳибистиқлолӣ бозгӯи он аст, ки таҳкими арзишҳои истиқлолият на танҳо тавассути санадҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти институтҳои давлатӣ, балки бо роҳи ташаккули фарҳанги сиёсӣ, худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷалби ҷомеа ба равандҳои давлатсозӣ низ амалӣ мегардад.
Аз ин рӯ, шаклу усулҳои муосири таҷлили чорабиниҳои давлатӣ метавонанд ҳамчун яке аз унсурҳои сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими давлатдории миллӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва ҷорӣ намудани равишҳои инноватсионӣ дар идоракунии давлатӣ баррасӣ гарданд.
Солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи таҷлили Истиқлоли давлатӣ чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор гардида, иштироки Пешвои миллат дар онҳо ба таҳкими мазмуну муҳтавои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва рушди ин чорабиниҳо мусоидат менамояд.
Иштироки Пешвои миллат ба чунин чорабиниҳо мазмуни сиёсӣ ва стратегӣ бахшида, имконият фароҳам меорад, ки дастовардҳои минтақаҳо, фаъолияти мақомоти давлатӣ, имконияти иқтисодӣ, иқтидори истеҳсоливу илмӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ ва ташаббусҳои шаҳрвандӣ дар фазои ягона мавриди баррасӣ қарор гиранд. Аз нуқтаи назари сиёсатшиносӣ, чунин муоширати мустақими роҳбарияти давлат бо табақаҳои иҷтимоӣ яке аз шаклҳои робитаи сиёсӣ ва таҳкими муносибатҳои давлату ҷомеа мебошад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин раванд пайвастани арзишҳои таърихии истиқлолият бо ҳадафҳои стратегии рушди давлат мебошад. Дар чунин муносибат истиқлол на танҳо ҳамчун дастоварди таърихӣ, балки ҳамчун заминаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, технологӣ ва сиёсии кишвар муаррифӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, таҷлили чорабиниҳои давлатӣ ба воситаи ташаккули дарки ягонаи ҷомеа дар бораи гузашта, имрӯз ва ояндаи давлат табдил меёбад.
Аз таҳлил бармеояд, ки истифодаи шаклҳои муосири баргузории чорабиниҳои давлатӣ ба татбиқи равишҳои инноватсионӣ дар банақшагирӣ ва идоракунии онҳо мусоидат кардааст. Дар ин раванд банақшагирии муосир, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, истифодаи самараноки захираҳо, ҷалби ҷомеа, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва арзёбии самаранокии чорабиниҳо ҷойгоҳи бештар пайдо намудаанд. Ҳамзамон натиҷаи таҳлил нишон медиҳад, ки инноватсия дар соҳаи идоракунии давлатӣ танҳо ба ихтирооти техникӣ маҳдуд нашуда, дар таҳия ва татбиқи шаклу усулҳои нави ташкили фаъолияти давлатӣ, такмили робитаҳои мутақобил бо ҷомеа ва баланд бардоштани самаранокии қарорҳои идоракунӣ таҷассум ёфтааст.
Натиҷа нишон медиҳад, ки иштироки фаъоли сокинони кишвар ба яке аз самтҳои муҳими рушди равиши инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ табдил ёфтааст. Дар доираи чунин чорабиниҳо шаҳрвандон на танҳо ҳамчун иштирокчиёни чорабиниҳои идона, балки ҳамчун муаррифи дастовардҳо, ташаббускорон ва субъектҳои фаъоли равандҳои ҷамъиятӣ баромад намудаанд. Ҷалби олимон, мутахассисон, соҳибкорон, ҷавонон ва намояндагони соҳаҳои фарҳанг, маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими муносибатҳои мутақобили давлат ва табақаҳои иҷтимоӣ, густариши иштироки шаҳрвандӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои ташаббусҳои ҷамъиятӣ заминаи муҳим фароҳам овардааст.
Таҷрибаи баргузории чорабиниҳо муайян намуд, ки таҷлили Истиқлоли давлатӣ дорои се ҷанбаи ба ҳам алоқаманд – сиёсӣ-давлатдорӣ, иҷтимоӣ-маънавӣ ва илмӣ-инноватсионӣ буда, ҳар яке аз онҳо дар таҳкими арзишҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеа нақши муайян дорад.
Ҷанбаи сиёсӣ-давлатдорӣ ба таҳкими арзиши истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва суботи сиёсӣ равона гардида, ҷанбаи иҷтимоӣ-маънавӣ ба таҳкими худшиносӣ, ватандӯстӣ, ҳамгироии қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат намудааст. Ҳамзамон ҷанбаи илмӣ-инноватсионӣ барои муаррифии иқтидори илмӣ, технологӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнии кишвар замина фароҳам оварда, таҷлили чорабиниҳои давлатиро ба воситаи муаррифии иқтидори инноватсионӣ ва рушди кишвар табдил додааст.
Дар ин раванд саҳми Пешвои миллат дар муайян ва пешбурди самтҳои стратегии рушди иқтисодӣ, илм, технология ва инноватсия аҳамияти махсус дошта, таҷлили чорабиниҳои давлатӣ на танҳо ҳамчун намоиши иқтидори давраи соҳибистиқлолӣ, балки ҳамчун воситаи муаррифии натиҷаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти навсозии иқтисод, рушди сохторӣ, илм, технология ва сармояи инсонӣ низ баромад менамояд.
Нақши мақомоти давлатӣ дар ин раванд низ муҳим арзёбӣ мегардад. Робитаи мутақобил бо олимон, мутахассисон, соҳибкорон, ҷавонон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар қишрҳои гуногуни аҳолӣ барои муайян намудани имконияту мушкилоти соҳаҳо ва минтақаҳо замина фароҳам овардааст. Дар натиҷа, самаранокии идоракунии давлатӣ танҳо бо иҷрои қарорҳо маҳдуд нашуда, дар қобилияти муайянсозии мушкилот, шунидани ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳлили иттилоот, пешбинии равандҳо ва истифодаи равишҳои навоварона дар қабули қарорҳо низ инъикос меёбад.
Аз ин нуқтаи назар, баргузории чорабиниҳои давлатӣ ҳамчун механизми муайянсозӣ ва муаррифии иқтидори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инноватсионии минтақаҳо аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ҳар шаҳру ноҳия дар доираи чунин чорабиниҳо имконияти муаррифии иқтидори истеҳсолӣ, имконияти сайёҳӣ, дастовардҳои фарҳангӣ, рушди маорифу илм ва иқтидори соҳибкории худро пайдо намуда, самтҳои рушди минбаъдаи худро нишон медиҳад.
Ҳамзамон натиҷаҳои таҳлил нишон медиҳанд, ки чунин чорабиниҳо барои мақомоти давлатӣ ҳамчун манбаи муҳими иттилоотӣ дар таҳия ва қабули қарорҳои стратегӣ низ хизмат кардаанд. Мушоҳидаи бевоситаи вазъи минтақаҳо ва мулоқот бо сокинони кишвар, мутахассисон, соҳибкорон ва намояндагони соҳаҳои гуногун имконият фароҳам овардааст, ки масъалаҳои мавҷуда сари вақт муайян гардида, роҳҳои ҳалли онҳо мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Ин ҷанба ба услуби сарварии инноватсионии Пешвои миллат иртиботи мустақим дошта, дар таҷрибаи давлатдорӣ бо таваҷҷуҳ ба шароити воқеии иҷтимоию иқтисодӣ, хусусиятҳои минтақаҳо ва ниёзҳои сокинони кишвар инъикос меёбад. Аз таҳлили таҷрибаи баргузории чунин чорабиниҳо бармеояд, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба вазъи маҳалҳо, мулоқот бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ, мутахассисон ва соҳибкорон барои муайянсозии масъалаҳои мушаххас, арзёбии имкониятҳои мавҷуда ва дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли онҳо замина фароҳам овардааст. Ин равиш ба мутобиқ намудани қарорҳои идоракунӣ ба воқеияти маҳаллӣ, истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо ва тақвияти робитаи давлат бо ҷомеа мусоидат кардааст.
Аз лиҳози илми сарварӣ, иштироки роҳбари давлат дар чунин чорабиниҳо танҳо хусусияти рамзӣ надошта, ҳамчун шакли муоширати сиёсӣ, назорати стратегӣ ва ҳавасмандсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ низ арзёбӣ мегардад. Ҳузури роҳбарияти олӣ дар минтақаҳо ба баланд бардоштани масъулияти мақомоти маҳаллӣ, такмили фаъолияти ташкилӣ ва суръат бахшидани татбиқи барномаҳои давлатӣ мусоидат мекунад.
Ҷанбаи дигари муҳими инноватсионии таҷлили Истиқлоли давлатӣ истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад. Платформаҳои рақамӣ, технологияҳои мултимедиявӣ, пахши мустақим, бойгониҳои электронии таърихӣ, харитаҳои рақамӣ ва дигар воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконият фароҳам меоранд, ки иқтидори кишвар ба доираи васеи шаҳрвандон ва ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ ва дастрас карда шавад. Рақамикунонии раванди муаррифии иқтидор ҳамзамон имконияти ҷамъоварӣ, таҳлил ва пешниҳоди маълумотро дар шакли муосир васеъ менамояд.
Дар ин раванд нақши ҷавонон низ муҳим мебошад. Ҷалби онҳо ба форумҳо, озмунҳои ихтироъкорӣ, намоишҳои технологияҳои нав, барномаҳои волонтёрӣ ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ба ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва рушди иқтидори инноватсионӣ мусоидат менамояд. Иштироки ҷавонон дар чунин равандҳо инчунин барои дарки амиқтари нақши онҳо дар рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа замина фароҳам меорад.
Таҷлили Истиқлоли давлатӣ ҳамзамон барои таҳкими фарҳанги миллӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дорад. Иштироки намояндагони гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар чорабиниҳои миллӣ фазои эҳтироми ҳамдигар, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаро таҳким бахшида, ҳисси мансубият ба ҷомеаи ягонаи шаҳрвандиро тақвият медиҳад.
Дар ин замина, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва ташаккули фазои ягонаи сиёсиву иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад. Таҳкими сулҳу субот ва эътимоди шаҳрвандон ба институтҳои давлатӣ барои рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Натиҷаи таҳқиқ нишон медиҳад, ки таҷлили Истиқлоли давлатӣ ҳамчун механизми таҳкими хотираи таърихӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад. Дар ин раванд дарки он тақвият меёбад, ки истиқлолият на танҳо ҳуқуқи соҳибихтиёрии давлат, балки масъулияти ҳифзи дастовардҳои миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ва интиқоли арзишҳои миллӣ ба наслҳои оянда мебошад.
Равиши инноватсионии таҷлили чорабиниҳои давлатӣ дар се сатҳи ба ҳам алоқаманд — услуби идоракунӣ, муҳтавои чорабинӣ ва иштироки ҷомеа бештар намоён мегардад. Дар сатҳи аввал, банақшагирӣ ва идоракунии чорабиниҳо бо истифода аз таҳлил, пешбинӣ, технологияҳои рақамӣ ва равишҳои муосири идоракунӣ такмил ёфтааст. Дар сатҳи дуюм, муҳтавои чорабиниҳо аз таҷлили одии санаи таърихӣ фаротар рафта, иқтидори илмӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва технологиро фаро гирифтааст. Дар сатҳи сеюм бошад, иштироки шаҳрвандон ҳамчун субъектҳои фаъол ва ташаббускори ҳаёти ҷамъиятӣ густариш ёфта, робитаи давлату ҷомеа тақвият ёфтааст.
Таҷрибаи баргузории чорабиниҳои марбут ба таҷлили чорабиниҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки шаклу усулҳои онҳо тадриҷан аз усули анъанавии таҷлил фаротар рафта, унсурҳои идоракунии инноватсионӣ, муаррифии дастовардҳои илмӣ ва технологӣ, ҷалби ҷомеа ва истифодаи воситаҳои рақамиро фаро гирифтаанд.
Дар ин раванд саҳми Пешвои миллатро метавон дар ташаккули сиёсати стратегӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва такмили усулҳои идоракунии давлатӣ арзёбӣ намуд. Ин равиш барои пайвастани арзишҳои истиқлолият бо ҳадафҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва технологӣ замина фароҳам овардааст.
Ҳамин тавр, таҷлили Истиқлоли давлатӣ дар шароити муосир тадриҷан аз шакли анъанавии таҷлили санаи таърихӣ берун рафта, ба яке аз воситаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ, муоширати сиёсӣ ва таҳкими робитаи давлату ҷомеа табдил ёфтааст. Истифодаи равишҳои инноватсионӣ дар банақшагирӣ, ташкили чорабиниҳо, ҷалби ҷомеа ва истифодаи технологияҳои рақамӣ на танҳо мазмуну шакли таҷлилро навсозӣ менамояд, балки ба такмили усулҳои идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатӣ ва таҳкими фарҳанги шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.
Дар ин замина саҳми Пешвои миллат дар муайян намудани самтҳои стратегии рушди давлат, таҳкими арзишҳои миллӣ ва ташаккули равишҳои муосири идоракунӣ аҳамияти махсус дошта, таҷлили Истиқлоли давлатӣ ҳамчун майдони пайвастани арзишҳои таърихӣ бо ҳадафҳои стратегии рушди кишвар баромад мекунад.
Аз ин рӯ, аҳамияти сиёсии равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо барои таҳкими соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандӣ ва рушди иқтидори миллӣ замина фароҳам меоранд.
Сунатулло АНВАРЗОДА,
сардори Раёсати рушди экосистемаи инноватсионии
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОН. Ихтироъкорони тоҷик дар шаш моҳ соҳиби 77 нахустпатент шуданд
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
ОМОРИ МУОСИР ВА ЗАРУРАТИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон дар самтҳои асосии рушди мамлакат қабул гардид






