Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид

Август 27, 2026 09:14

ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси 40-солаи рус Игор Суров сармураббии дастаи нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин вазифа ӯ Далер Каёсовро иваз кард, ки бо хоҳиши худ аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон канор рафт.

Игор Суров наврасони мамлакатро ба Ҷоми ҷаҳон-2026 омода мекунад. Ин мусобиқа аз 19 ноябр то 13 декабр дар Қатар баргузор мешавад. Ба ҳайати ситоди мураббиён Шамсиддин Қосимов, Ҷаъфар Ахмедов ва Элчибек Рашидбеков дохил шуданд. Умед Чоршанбиев ба омодагии дарвозабонҳо масъул хоҳад буд.

Игор Суров қаблан дар бошгоҳҳои «Сумида»-и Муғулистон, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Барс»-и Қирғизистон ва «Машъал»-и Узбекистон фаъолият кардааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 27, 2026 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд