ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, шанбе, 213-умин рӯзи соли 2026 аст
1 августи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Англия Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминийи аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва истифода дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга ба муносибати солгарди иди миллии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
1 августи соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расонида шуд.
***
1 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 ҳунармандони боистеъдоди Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали I байналмилалии санъати сиркӣ «ALMATY CIRCUS FESTIVAL» сазовори ҷои 3-юм ва медали биринҷӣ гардиданд.
1 АВГУСТ:
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди саратони шуш.
***
Рӯзи байналмилалии омода намудани маҳсулоти консервкардашуда.
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи забон ва алифбо.
РӮЙДОДҲО:
1 августи соли 2013 маҷмуи васеи мавзуъҳо оида ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.
***
1 августи соли 2022 густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон доир ба мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
1 августи соли 1834 дар калонияҳои Британияи Кабир ба ғуломӣ гиифтани одамон манъ карда шуд.
***
1 августи соли 1922 аввалин Конститутсияи доимамалкунандаи Литва қабул гардид.
***
Соли 1939 Иттиҳоди Шуравӣ медали «Ситораи тиллоӣ» таъсис дод, ки барои хизматҳои шоиста ба қаҳрамонони ин Иттиҳод дода мешуд.
***
1 августи соли 1968 Канада пулҳои нуқрагиро ба никел тағйир дод.
***
Соли 1998 донишҷӯи амрикоӣ дучархаи аз ҳама калонтарин дар ҷаҳонро сохт, ки зиёда аз 7 метр баландӣ дошт.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Раҷаб Амонов –соли 1923—фолклоршинос, мунаққид ва нависандаи тоҷик. Узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор. Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941—1945).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 июл, ҷумъа, 212-умин рӯзи соли 2026 аст






