ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, душанбе, 222-юмин рӯзи соли 2026 аст

Август 10, 2026 08:00

10 августи соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дода, Александр Лукашенкоро ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии давлатии Ҷумҳурии Беларус самимона табрик гуфтанд.

***

10 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

***

10 августи соли 2023 дар шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ ва фаъолони шаҳр мулоқот  намуданд.

10 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии сӯзишвории биодизелӣ.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.

***

Дар Эквадор –Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

10 августи соли 1956 дар вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) шаҳри Чкалов таъсис дода шуд, ки ҳоло ба шаҳри Бӯстон тағйири ном кардааст.

***

10 августи соли 2011 дар шаҳри Бохтар Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1822 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Сурия зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

***

Соли 1833 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаҳри Чикаго таъсис дода шуд. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва дар он камтар аз 200 нафар  истиқомат мекарданд.

***

Соли 1924 дар шаҳри Берлин аввалин маротиба парчами сиёҳ-сурх ва зарди Олмон  бардошта шуд.

***

Соли 1926 байни Италия ва Испания шартномаи сулҳ ба имзо расид.

***

Соли 1949 аввалин маротиба дар  Амрикои Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торантои Канада сохта шуда буд, амалӣ гардид.

***

Соли  1997 дар таърихи башарият дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дарозтарин парчам бо баландии 8,5 километр барафрохта шудааст.

***

Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Антониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Сайдулло Хайруллоев–соли 1945–ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати якум (1995—2000) ва пас аз тақсимоти парлумон ба ду палата — вакил ва нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2010), аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2010). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).

 

Август 10, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш